Мухамадризо Шайбонӣ баъди анчоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, баргузории ин иҷлоси ҷахонӣ дар роҳи муборизаи муассир бо тероризми байалмилалӣ нақши бузурге хоҳад дошт.
Маврид ба ёдоварист, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар авохири мохи апрели соли ҷорӣ зимни ҷаласаи ҷашнии Шӯрои чамъиятӣ , таҳдиди терроризми исломиро, ки ба гуфта вай дар чанд соли ахир дар кишварҳои ҷаҳон вирди забонҳост, сохта ва маснӯъӣ хонд. Ба гуфти ҷаноби Раҳмон, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миён рафтани хатари коммунизм "ҳоло шиори хатари терруризми исломӣ пайдо шудааст."
Ҳамзамон, тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯза масоили феълии муносиботи миёни ду кишвар ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммадризо Шайбонӣ аз раванди рӯ ба рушди хамкорихои иқтисоди миёни Точикистон ва Эрон истиқбол карда гуфт ҳанӯз зарфиятҳои истифоданашуда дар ин бахш хеле зиёд аст.
Ёдрас менамоем, танхо тайи се мохи аввали соли 2011 давлати исломии Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 28 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. Нерӯгоҳи обии «Сангтӯда-2» ва «Нақби мошингарди “Истиқлол» аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодие хастанд, ки бо сармоягузории ҶИЭ бунёд шудаанд. Инчунин, тавофуқ шудааст, ки пас аз поёни сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” то охири соли равон , мухтахассисони Эрон ба бунёди нирӯгоҳи обии Айнӣ дар шимоли Точикистон шурӯъ хоҳанд кард Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |