Як тонна гандум ба Тоҷикистон бо нархи 355 $ ворид мешавад
Дар нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 298,4 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 355 доллари ИМА барои як тонна ворид шудааст.
Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, воридоти гандум ба кишвар нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 45,6 ҳазор тонна ва ё 13,3% кам шудааст.
Номбурда коҳиш ёфтани воридоти гандумро як омили мусбат арзёбӣ кард ва сабаби онро зиёд шудани истеҳсоли дохилӣ, ҳамчунин кофӣ будани захираҳо аз ҳисоби гандум унвон намуд: “Ин, ки кам ворид шудааст хуб аст ва ягон пайомади манфӣ надорад”.
Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ғалла асосан аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Масъулини хадамоти мазкур иброз медоранд, ки ҳоло нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли Қазоқистон бо вазни 50 кг дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 140 то 145 сомонӣ, дар Хуҷанд 138-140, дар Қӯрғонтеппа 145-150 сомониро ташкил медиҳад.
Аз руи маълумоти ин хадамот, нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли ватанӣ бошад бо арзиши 145,3 сомонӣ дар кишвар ба фурӯш бароварда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |