Давлатов ҷойгузини полковники боздошткардаи Оҷонсии фасод шуд
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ахиран полковники милитсия, Хайриддин Алиев, собиқ сардори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷакентро ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт намудаанд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии фасод имрӯз, 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, полковник Алиев дар симмати сардори шуъбаи умури дохилии Панҷакент ба ҳар восита барои гузаронидани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз рӯи парванда алайҳи худаш монеа эҷод мекард. Ба гуфтаи Саидов ин полковники милитсия шоҳидони парвандаро барои берун рафтан аз кишвар розӣ карда худаш ба бозпурсиҳои муфаттиши Оҷонсии фасод ҳозир намешудааст. Аммо баъди оне, ки аввали моҳи равон аз симмати сардори шуъбаи умури дохилии Панҷакент гирифта шуд, дарҳол боздошт гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки 16-уми июли соли равон бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон ба ҷои Хайриддин Алиев, Раҳмон Давлатов, аз мунтақидони шадиди Оҷонсии зидди фасод, раҳбари Идораи пулиси Панҷакент таъин шуд.
Оқои Давлатов рӯзи дувуми июли соли ҷорӣ дар симмати сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД дар Душанбе гуфт, “рафтори кормандони Оҷонси зиддифасод аз доираи қонунгузорӣ берун буда, ҳама тартиботи муқарраршударо вайрон мекунад.”
Вай таъкид карда буд, садҳо далел дорад, ки “чи гуна кормандони ин ниҳод бо сӯистифода аз вазифа ва шаҳодатномаи хизматӣ аз ҷавобгарӣ сар печида, дар баробари ин дигаронро ба фасод ва шиносбозӣ маҷбур мекунанд.” Ин масъули ВКД гуфта буд, миёни кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод шояд ҳамагӣ 5 дарсад масъулиятнок бошанду халос.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |