Теъдоди ҳалокшудагон дар роҳҳои Тоҷикистон ба 231 нафар расид
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД мегӯяд, давоми як ҳафта 8 нафар қурбонии садамаҳои нақлиётӣ гардидааст.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули хадамоти матбуоти БДА ба “Озодагон” гуфт, аз 22 то 28 июли соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳўрӣ 27 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба иттилои манбаъ шумораи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ аз аввали соли равон то ба имрӯз ба 231 нафар расидааст: “Дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 724 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 231 нафар ба ҳалокат расида, 819 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.”
Ин масъули БДА мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳои коршиносони соҳа бештари садамаҳои нақлиётӣ давоми ҳафтаи гузашта аз сабаби идора карда натавонистани автомашина ва риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пеш аз ҳама, дар сари чамбари автомашина нишастани ноболиғон ва баромадан ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ, рух додааст.
Номбурда илова намуд, ки аз ҳамаи волидон хоҳиш карда мешавад, ки нисбати тақдири фарзандони ноболиғи хеш, махсусан ҳангоми идора намудани автомашина бепарво набошанд. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД аз тамоми ронандагон талаб менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |