Боздошти 23 устоди донишгоҳ барои “порагирӣ” дар як моҳ

Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, дар як моҳи охир 23 омӯзгори донишгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббиро, боздошт кардаанд.
Фаттоҳ Саидов, ки дар нишасти хабарии 29-уми июл дар Душанбе, сӯҳбат мекард, гуфт, ин устодон дар ҷараёни санҷиши ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ бо ҷурми пора гирифтан барои дохил кардани довталабон боздошт гардидаанд.
“Барои мисол, як нафари онҳо ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аст. Ин масъули донишгоҳ барои дар бахши шартномавӣ дохил кардани довталаб 8 ҳазор доллар талаб кардааст”,-гуфт ӯ.
Оқои Саидов дар идома афзуд, феълан корҳои санҷишӣ дар донишгоҳҳо идома дошта, барои якбора ошкор кардани тамоми ҳолатҳои ришваситонӣ Оҷонсӣ нерӯи кофӣ надорад. Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, дастгир шудани омӯзгорон маънои ба маҳкама кашидани онҳоро надорад.
“Мо наметавонем ҳамаи боздоштшудаҳоро ба зиндон фиристем. Қисме аз онҳоро мо бо дарназардошти вазъият озод мекунем”,-илова кард ӯ.
Ҳоло давраи дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, бисёр вақт бо талаби ришваи омӯзгорону масъулони донишгоҳҳо рӯбарӯ мешаванд, вале мақомоти Вазорати маориф ва донишгоҳҳо инчунин ҳолатҳоро башиддат рад мекунанд ва мегӯянд, ягон “ставка”-и воридшавӣ ба донишгоҳҳо вуҷуд надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |