Имрӯз, 21-уми июл дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси Маҷлиси миллии МО ҷаласаи шашуми палатаи болоии парлумони мамлакат сурат пазируфт.
Шавкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО ба «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дода афзуд, дар нишаст аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия бинобар сабаби беморӣ фавти нобаҳангоми аъзои Маҷлиси миллӣ- раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов хотираи неки марҳумро бо дақиқаи хомўшӣ пос дошта, ба баррасии 18 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурўъ намуданд.
Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 7 қонунҳои наву мукаммали ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи машваратии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар бораи судяҳои Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Дилором Абдураҳимова, Афзалмоҳ Ёракова, Мирзоалӣ Каримов, судяи Суди Олии иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зебонисо Абдуллоева ва дигар масъалаҳои матраҳгардидаро ҷонибдорӣ намуданд. {jathumbnail off}
Мӯҳр