Раиси Оҷонсӣ: “Зайд Саидов мехост, аз Тоҷикистони нав сипар созад”
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, гуфт, ниҳоди зертобеаш якуним сол боз корҳои Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро мавриди санҷиш қарор дода буд.
Оқои Саидов дар нишасти хабарии рӯзи душанбеи 29-уми июл гуфт, масъулони Оҷонсӣ тамоми аснодро барои боздошти Зайд Саидов рӯйи даст доштанд. “Зайд Саидов ҳам медонист, ки мо бештар аз 1 сол мешавад, ки дар пайи тафтишоти иншооташ ҳастем. Ӯ дар маҷлисҳои шаҳрӣ эътироз карда буд, ки чаро масъулини оҷонсӣ ба корҳои сохтмонӣ халал мерасонанд. Ҳол он ки тафтишоти мо қонунӣ буд. Ин ташкил кардани ҳизби нав ҳам, танҳо ба хотири обуранги сиёсӣ додан ба қазия буд”,-афзуд ӯ.
Раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ гуфт, ҳоло бастаи санадҳое дорад, ки чӣ гуна Зайд Саидов замони вазири саноат буданаш корхонаҳоро ғайриқонунӣ хусусӣ кардааст. “Чӣ гуна “Тоҷикатлас”-ро ба як шаҳрванд ва чӣ гуна баъдан боз ба як хориҷӣ фурӯхт. Чӣ ҳел корхонаҳоро ба номи шиносҳояш ва баъди аз вазир рафтанаш ба номи худаш гузаронд. Зайд Саидов бисёр ҷиноятҳо содир кардааст. Беинсофиро бубинед, ки бо ҳамон хориҷие, ки маблағашро гирифта барнагардондаасту он ҷабрдида ба назди мо шикоят карда омад, рӯирост гуфт, он марди кореягиро намешиносад. Ин бевиҷдонӣ аст, беинсофӣ ҳаст”,--илова кард Фаттоҳ Саидов.
Ба иттилои Фаттоҳ Саидов, дар ҳоли ҳозир то 15 ҳолати ба ҷиноят даст задани Зайд Саидовро рӯйи даст доранд. Ба сифати далел номбурда аз изофанависӣ дар иншооти «Душанбе-Плаза» мисол оварда гуфт, “Зайд Саидов онҷо ба ҷои материалҳои босифат, аз маҳсулоти Хитой истифода кардааст. Ана, ҳамон фаршҳои чӯбине, ки дар Душанбе-Плаза ҳаст. Дар санадгузорӣ як маҳсулот, аммо дар асл онро Зайд Саидов аз Хитой бо арзиши ночиз овардааст. Ин инсон 38 миллион сомонӣ маблағи буҷаро аз худ кардааст. Ин ҳам ҷиноят аст.”
Дар ин маврид хабарнигорон аз он савол карданд, ки оё дар тамоми ҷиноёти мазкур Зайд Саидов ба танҳоӣ ҷавоб мегӯяд ва ё ҳамроҳ бо комиссияи давлатие, ки биноро баъд аз санҷиш қабул кард? Маврид ба зикр аст, ки дар бинои «Душанбе-Плаза» комиссияи давлатӣ, аз ҷумла масъулини Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ду бор тафтишот гузарониданд. Дар дафъаи аввал камбудӣ ошкор нагардида, баъд аз боздошти Зайд Саидов санҷишгарон ба маблағи 38 миллион сомонӣ изофанависиро рӯи об бароварданд.
Фаттоҳ Саидов гуфт, санҷишгарони даври аввалро ба ҷавобгарӣ нахоҳанд кашид. «Чунки ин бино иншооти ҷашнӣ буд ва мо бояд зуд қабул карда, мусупоридем. Саросема шуд камтар. Барои ҳамин, онҳо аз ҷавобгарӣ озод ҳастанд. Санади ҳақиқӣ натиҷаи тафтишоти дувум аст”,-таъкид кард ӯ.
"Афроде, ки зидди Зайд шоҳидӣ доданд, аз ҷавобгарӣ озоданд"
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сохта будани иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро, қатъиян рад намуд.
Раиси Оҷонсӣ изҳор дошт, ки айни ҳол чандин шаҳрвандони хориҷӣ ихтиёрӣ ба Оҷонсӣ омада, алайҳи Зайд Саидов шоҳидӣ медиҳанд, ки Зайд аз онҳо пора гирифтааст. Фаттоҳ Саидов аз ҷумла Сериқбол Окушев, тоҷири қазоқистониро мисол оварда афзуд, “мо ӯро маҷбуран наовардаем, худаш омада шоҳидӣ додааст, ки ба Зайд Саидов дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари амрикоӣ пора додааст.”
Дар ҳоле ки қонунгузории Тоҷикистон натанҳо барои порагир, балки барои порадеҳ низ муҷозот таъин кардааст, Фаттоҳ Саидов мегӯяд, шоҳидон алайҳи Зайд Саидов аз ҷавобгарӣ озоданд, чун ихтиёрона омадаанд. Инчунин, Фаттоҳ Саидов иттилоъ дод, ки Зайд Саидов 15 корхонаро бо сӯиистифода аз мансаби вазирияш ба номи атрофиёнаш кардааст ва ба буҷаи кишвар даҳҳо миллион сомонӣ зарар расондааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |