Нашрияҳои узбакӣ Ислом Каримовро на президент, балки "подшоҳ" номиданд

Нашрияҳои Узбакистон дастаҷамъона дар шумораи ҳафтаи гузаштаи худ аз дастовардҳои кишварашон ном гирифта, яке аз онҳо Ислом Каримов, раисиҷумҳури хешро на президент, балки “Подшоҳ”-и мардуми узбак хондааст.
Ба навиштаи торнамои “Узметроном”, ҳафтаномаи узбакии “Истиқлол куешӣ” дар шумораи 25-уми июли худ мақолаи ҷавобиеро ба мактуби яке аз хонандагонаш зери унвони “Президенти ман” нашр кардааст. Дар он намояндаҳои қишри ҷавон, собиқадорҳо ва соҳибкорон дар якҷоягӣ аз ақидаи муаллимон дар мавриди хидматҳои беанадозаи раҳбари давлаташон ҳимоят кардаанд. Онҳо ба таври қотеъ розигии худро бо ибораи “Ислом Каримов президенти доимии ман” баён кардаанд.
Рӯзномаи “Туркистон” матлаберо таҳти унвони “Агар дар рӯи замин биҳишт аст...” чоп карда, муаллиф дар ин мақола Узбакистонро бо биҳишт муқоиса кардааст: “Ба мо як минтақае аз биҳишт насиб гаштааст, аз он хотир, ки аз Худованд ҳамеша шукргузорем. Ҳазор бор шукрона аз он менамоем, ки барои мо як подшоҳи оқилу одил додааст. Дар ҳама ҷой ҷангу фақру буҳрони иқтисодӣ ҳукумфармост. Аммо мо ҳамоно бо дастовардҳои худ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ оламро тасхир мекунем. Магар ин ҳама дастовардҳои кишвар дар муддати 22 сол натиҷаи он иқдомҳои оқилонаи Ислом Каримов намебошад?”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |