Бахшҳо
29 июл 2013 10:57Тоҷикистон / Сиёсат

Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Ставкаи дохилшавиро то 25 ҳазор $ баровардаанд

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, афроди алоҳидае дар мавриди фасодкорӣ зимни қабули донишҷӯён ба донишгоҳи тиббӣ сару садоҳоро паҳн мекунанд ва имсол ставкаи дохилшавиро ба ин муассиса ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баровардаанд.

Қурбонов мегӯяд, ин кори дасти манфиатхоҳоне ҳаст, ки мехоҳанд зимни маъракаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ пул кор кунанд: “Агар довталаб 25 ҳазор доллари амрикоӣ дошта бошад, метавонад 5 маротиба донишгоҳро хатм намояд. Он маблағеро, ки ба ин нафарони манфиатхоҳ медиҳанд, метавонанд тариқи шартнома ба буҷаи донишгоҳ гузаронанд ва беягон мушкилӣ қабул хоҳанд шуд.”

Қурбонов таъкид намуд, ки аксари онҳое, ки ба миёнаравон пул медиҳанд, бо дониши худ, беягон мусоидати миёнаравон дохил мешаванд: “Ин миёнаравон вақте мебиёянд ва мебинанд, ки номи довталаб дар рӯйхати донишҷӯён аст, дарҳол занг мезананд ва мегӯянд, ҳамаи корҳо ҳаланд. Бисёранд, қиссаҳое, ки довталабон дохил намешаванд ва волидонашон назди ман омада мегӯянд, мо ба фалону фалон ҳамин қадар пул додем. Аммо мо намедонем, ки ин нафарон кистанд. Баробари ин вақте довталабон намегузаранд, ин миёнаравон ба ҳар зудӣ пули онҳоро намегардонанд. Чунин қиссаҳо бисёранд.”

Дар ҳамин Қурбонов афзуд, ки имсол донишҷӯёнро 200 нафар бештар қабул мекунанд: “Дар маҷмуъ 1410 нафар бояд қабул шаванд. Айни ҳол 3675 довталаб ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 нафар зиёдтар мебошад.”

Ба иттилои Қурбонов аз 1410 нафаре, ки бояд қабул шаванд, аллакай 133 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд. Ҳамин тавр имсол барои як курсии донишҷӯӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон се довталаб сабқат хоҳанд кард.

Мӯҳр
чаноби ректор, охир коррупсия дар ВУЗи шумо пушида нест. як довталаб дируз гуфт барои дохилшави 7000 доллар додааст. Ба фикрам ман ба у бештар бовар дорам...

Гарени аз Душанбе
Курбонов ду дастамро бардошта мегуям" Мужики" шумо тавонистед ки ДДТТ-ро ба дасти худ гиред. Ахсан!!!

Донишчу
Ман порсол донришчу шудам, бо саводи худам, ин хамааш гапхои миёнаравхои харомхур. Дар Донишгохи тибби бо саводи худ сад дар сад метавони донишчу шави

Сафар аз Московский
Э мардм, 3 сол пеш ма бачама да мединститут дохил кардым. Хамаш сафсатахай. ягон проблема нест. Агар савод дошта боша дохил меша. Факат конкретно савод даркорай. Ма я дехкони камбагалум. 7 хазор усу беста 1000 доллар надорум, барои хами бачамда гуфтум, ки бхон дохил мешай. Шукри Худо хамихелам шуд. Рахмат ба Ректор - мардак кор кардестай!!

Дехкон
Биёед гапа хакша гуем,порагири хаст ё нест . Аз Худо хамаамон тарсем ва росташа гуем ва хеч чизро пинхон надорем ва дарунсуз нашавем.Чавоб:
Ришвагири дар хамаи макомотхои давлати пурра вучуд дорад .
Касе ,ки мегуяд ришвагири вучуд надорад,у нафар худаш ба ришвагири машгул хаст.
РИШВАГИРИ ПРОБЛЕМАИ №1 ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН МЕБОШАД

Акбар
Баде, ки ректори донишгохи тибби Убайдулло Абдуллоевич шуд , дигар бовари нест, ки ба донишгохи тибби бо пул дохил шаваннд. Мо донишчуён хуб медонем, ки он чи гуна шахсанд. Донишгохи тибби 180 грасуд дигар шуд, дар хакикат донишгох шуд!!!

Довталаб 2013
Ин 7000$ доллар маблаги тахсилу 2coла тибки шартномаи шахрвандони хоричист бесавод

Акбар,
Бародар 180 не , балки 360 градус тов хурд. Ахсан ба чунин мардони Худодод . Мо чавонони миллати точик бо ин гуна ректор мефахрем. Мо бо Шумоем Убайдулло Абдуллоевич

Эй кош дигар ректорон аз ин марди Худодод ибрат мегирифтанд

Навруз
Бо акаи Убайдулло донишгох- донишгохи тибби шуд! Овозааш ба тамоми Точикистон пахн шудааст,ки бе пул ба донишгохи тибби дохил мешаванд, лекин то хол мардум бовари надоранд. Баъде, ки наздикони онхо ба донишгох дохил шаван хамон гох бовари пайдо мекунан! Оббо, мардумон ачоибанд!

Сино аз шахрак
Бе мухобот гуфта метавонам, ки махз кушишу талошхои ин марди Худодод буд,ки ДДТТ дар байни кулли макотибхои олии кишвархои исломи ба гирифтани " Чоизаи Бонки Исломии Рушд" сарфароз гардид. Мо ба хурсандии эшон шарикем. Шумо тавонистед, ки замин(ДДТТ)-сарчашмаи табибонро хосилхез намоед. Иншоаллох пухтани мевахои ширин дар пеш аст. Мо бо Шумоем

Чаноби РЕКТОРИ Мухтарам! Ваъдахои додаатон кучо ШУД???????????? Ин кори миёнаравхо нест ин кори шахсони масъули донишгох!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Фаттоҳ Саидов, ки дар нишасти хабарии 29-уми июл дар Душанбе, сӯҳбат мекард, гуфт, ин устодон дар ҷараёни санҷиши ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ бо ҷурми пора гирифтан барои дохил кардани довталабон боздошт гардидаанд.

“Барои мисол, як нафари онҳо ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аст. Ин масъули донишгоҳ барои дар бахши шартномавӣ дохил кардани довталаб 8 ҳазор доллар талаб кардааст”,-гуфт ӯ.

Донишчу
benom, Ёвари муовини ректорам ба катори хамон ашхос охир ректор накадааст ку

ба сафсатахо бовар накунед,,,ман хаминаша мегуям агар савод дошта боши дохил шудан осон ин икдом дар давраи Курбонов чори шуд хазор рахмат

Ёвони
Ба душманони Курбонов хурок нест хама тарфдори ректоранд. Марди окил аст бахраш хазорхо гуи кам аст. Хакикат ин аст ки ба Донишгох танхо бо дониш дохл шудан мумкин.....

9- ум
Ёвони,
Рост неки бародар Курбоновда гап нест. Мо тарафдори уем. Худованд душманони уро кур созад

Бемори сихатёфта
benom,
Инхели ёрдамчихо дар як донишгохи калон медони чандкаянд. Ту худат ба бародаронат ё дустонат 100 % гарантия дода наметони ки ягон руз ягонтоаш нисбати ту номарди намекунад. Хайр яктоаш ба мисли миёнравхо номарди кардаст. Ман бовари дорам ин хел шахсони бузург суханхояшро ба хаво намепартоянд. Ман ин шахсро хамчун табибе медонам ки хамтояш дар Точикистон дар специальносташ нест. Агар дигарон 50 % адолати ин шахсро медоштанд расо ба 50% корупсия дар дигар чойхо (намегем кучо) кам мешуданд.
Респект ба Курбонов Убайдулло Абдуллоевич!
Бо миннатдори аз Шумо беморатон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)