50 захмӣ бар асари як сонеҳа дар Қазоқистон
Дар натиҷаи бархӯрди ду қатори мусофирбар дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон беш аз 50 нафар осеб дидаанд.
Ба навиштаи расонаҳои қазоқӣ, ин ҳодиса шоми 28-уми июл дар истгоҳи роҳи оҳани Алма-Ато ба миён омадааст. Қатораи №15 (Алма-Ато - Петропавловск) ҳангоми манёвр намудан ба қатораи дигар, №301/302 «Алма-Ато - Новосибирск) дар ҳоле бархӯрдааст, ки мусофирони дуюмӣ берун меомадаанд.
Дар мавриди сабабҳои аслии ҳодиса ҳоло чизе гуфта нашудааст. Ба иттилои Додситонии нақлиётии Қазоқистон, аз тарафи ин ниҳод дар робита ба ин қазия тибқи банди 4, моддаи 295-и “Кодекси ҷиноии Қазоқистон оид ба вайрон намудани қоида бехатарии ҳаракат дар роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |