Кабирӣ: “Президент бояд барои давраи гузариш интихоб шавад”
Ҷаласаи рӯзи шанбеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои интихоботи демократӣ бидуни интихоби барнома ва номзади ягона анҷом ёфт. Қарор аст, ҷаласаи навбатии аъзои ин Иттиҳод рӯзи севуми Иди Рамазон ё Фитр баргузор гардад.
Бо ин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи шанбе аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ як қисми барномаи номзади ягонаро ба баррасӣ гирифтанд. Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”
Аъзои Иттиҳод пешниҳод карданд, ки барои таҳия ва омода кардани барномаи номзади ягонаи нерӯҳои демократӣ як кумита таъсис ёбад. Оқои Кабирӣ гуфт, тарҳи барномаи номзад то ҳол комил нашудааст ва аз иштирокчиён хост, ки назари худро дар бораи он ба таври хатти пешниҳод кунанд.
Дар охир Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинхтаи тоҷик, пешниҳод кард, ки унвони барномаи номзади ягона "Беҳбудии рӯзгори мардум мароми мост" номида шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |