Тошканд боз аз хатари ТАЛКО ва неругоҳҳои бузург дар Осиёи Марказӣ гуфт
Тошканд бори дигар дар мавриди хатари иншооти гидро энержӣ, ба хусус истеҳсоли алюмин дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.
Узбакистон мегӯяд, ҳамасола милионҳо шаҳрванди кишвараш аз мавҷудияти ин корхона азият мекашанд.
Ба ҷуз ин Тошканд гуфтааст, дар Осиёи Марказӣ бояд танҳо неругоҳҳое бунёд гарданд, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ташхис шудаанд.
Оҷонсии иттилоотии “Ҷаҳон”- и мансуб ба Вазорати умури хориҷаи Узбакистон навиштааст, мавқеъи Тошканд дар ин бора дар яке аз коллеҷҳои Ню-Йорк баррасӣ гардид. Ба навиштаи манбуъ, мавзуи пресс-брифинг: “Рушди амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ: дидгоҳ аз Узбакистон” буд.
CA-news бо такя ба маълумоти “Ҷаҳон” менависад, ки чорабинӣ бо ташаббуси намояндагии Тошканд дар СММ сурат гирифта, аммо таърихи баргузории он дақиқ оварда нашудааст.
Ба маълумоти сарчашма дар ҷараёни пресс-брифинг бештар масъалаи хушкшавии баҳри Арал ва хатари он ба ҳифзи муҳити зисти минтақа матраҳ гардидааст.
“Мавқеи кишвари мо барои оқилона истифода кардани захоири обии Осиёи Марказӣ муаяйн аст. Бояд гуфт, ки бунёди неругоҳҳои бузург дар саргаҳи дарёҳои минтақа, ки ташхиси байналмиллалӣ нагузаштаанд, қобили қабул набуда, хатар доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |