Саймиддинов: Барои гузаштан ба хатти форсӣ фурсат дорем
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки “барои баргаштан ба хатти форсӣ ҳоло фурсат дорем, зеро ҳанӯз панҷ дарсади аҳолӣ ба ин чиз омода нест”.
Додихудо Саймиддинов ҳамчунин ба мавзӯи навиштаҷоти ғалат дар кӯчаҳо дахл карда афзуд, ки “21 сол аст, ки мо ифтихор аз ватану ватандорӣ мекунем, мутаасифона ҳанӯз ҳам номгузориҳои ғалат дар нуқтаҳои савдо ба чашм мерасанд”.
Ӯ аз як дукони гуштфурӯшӣ дар Душанбе мисол оварда гуфт, “ду пораи устухонро овезон кардаасту ба дуконаш “Олами гуштҳо” ном гузоштааст. Ин гуна номгузорӣ тамоман ғалат аст”.
“Зимни санҷишҳои такрорӣ муайян гардид, ки баъд аз пешниҳоди кумита аз 195 ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ном ва маводи иттилоотии 114-тои он ба талаботи модаҳои 13, 18 ва 20-и Қонун “Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ гардонида шудааст. Бо дахолати кумита номи теъдоди зиёди ин муассисаҳо ба номҳои хушоҳанги тоҷикӣ иваз карда шуданд. Номгузрии 76 муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад”.-афзуд, Додихудо Саймиддинов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |