Данғара: Вазорати нақлиёт, километри 65-умро кай таъмир мекунед?
Чуқурии тақрибан 10-15-метрае, ки беш аз ду моҳ боз дар километри 65-уми роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти Қӯрғонтеппа-Данғара дар натиҷаи шӯстани сел ба вуҷуд омадааст, ронандаҳои аз ин масир истифодамекардаро ба ташвиш овардааст.
Бино ба қавли Маҳмадамин, як ронандаи таксӣ, ин минтақаи роҳ авоили сол бар асари борони шадид ва сел осеб дида буд ва онро идораи роҳтаъмиркунии ноҳияи Данғара таъмир кард, вале охирҳои фасли баҳор дигарбора хароб гашт.
“Кормандони идораи роҳтаъмиркунии ноҳия мегӯянд, ба Вазорати нақлиёт барои ҷудо кардани маблағ мактуб навиштаанд, аммо то ҳол на ҷавобашро гирифтаанду на маблағе”,-гуфт Маҳмадамин ва афзуд, ки агар ин навбат ҳам ин ҷоро танҳо хок рехта мумфарш кунанд, сели андаке дар як лаҳза харобаш мекунад.
“Ин хел ҷойҳои роҳро, ки дар дами сел ҷойгиранд, девораи оҳану бетонӣ задан зарур аст”,-меафзояд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |