Бахшҳо

Шералӣ Бузмаков: “Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем”

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар рабита ба гармшавии бесобиқаи ҳаво изҳори умед кард, ки он бе фалокат паси сар хоҳад шуд.

“Раиси ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ҳаво 46 дараҷа гарм шудааст. Ман инро бовар мекунам. Ин минтақа гармтарин ҷой дар Тоҷикистон аст ва шояд аз пагоҳ дар Айвоҷ аз 50 дараҷа ҳам гармтар шавад. Дирӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ 1600 метри мукааб об омад. Соли гузашта 3600 метри мукааб омада буд. Чунки соли гузашта ҳам барф зиёд борида буд ва ҳам гармиву обшавӣ кам набуд. Мо ин гармиҳоро дидем. Кадом соле, ҳини дар минтақаи Кӯлоб кор карданам ҳама гулу шонаи пахта рехт, аммо пахтаи ҳозир коридаи мо Флора Кармен буда, он тоқатовар аст. Аз пахта бояд зарар набинем...”,-афзуд раиси вилояти Хатлон.

Ҷаноби Афзалов ҳамчунин гуфт, ки “ба БДА гуфтан даркор, ки аз соати 8:00 то 20:00 ҳаракати мошинҳои гаронвазнро манъ кунад. Агар мошини вазнин дар ин гармӣ ба роҳе, ки ҷопониҳо кардаанд, ҳаракат кунад, роҳи нав дар як рӯз вайрон мешавад".

Раиси вилоят ҳамчунин илова кард, ки барои ҳифзи саломати аҳолӣ дар ин гармо табибонро вобаста кардаанд. Зимнан, Шералӣ Бузмаков, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, барқияи вазири тандурустиро низ гирифтаасту мутобиқи муҳтавои он ба ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ супоришҳо додааст: “Пеш аз ҳама, доир ба бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда дар ин рӯзҳо бояд кор барем. Мо кормандонамонро вазифадор кардем, ки минтақаҳои оббозиро зери назорат бигиранд ва дар ҷойҳои махсус обҳои ташнашикан муҳайё карда шаванд. Дар моҳи Рамазон кадоме қудрати ҷисмонӣ дорад, рӯза гирад, надорад, нагирад. Ӯ агар қудрат надошта бошад, рӯзааш дуруст нест. Дар ҳамаи китобҳои исломӣ ин амр содир гардидааст. Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем. Ҳозир кор кардан даркор”,-гуфт Бузмаков.


Мӯҳр
Магу эй ташна фардо об нуши,Ба пири дар рахи тоат бикуши.Ба умеди пири хазорхо навчавони,Бирафтанд бе тоба аз дунеи фони.

Ту Бузмаков бовар дори ки ба пири мераси? чун хелеҳо ҳамин гапро гуфта буданд аммо ба пирӣ нарасиданд!!!

Abossi forsi
Кули мардуми Амрикову аврупо Рузаро еьтирофкардан., барои руза доштан мардумро тавсия медихан,Аллох хидоятат кунад.

Мулло
ЧАНОБИ БУЗМАКОВ ,АГАР БА ПИРИ НАРАСЕД,ЧИ? БА САРВАТУ ДАВЛАТИ ИН ДУНЁ ДОДА НАШАВЕД, КАСЕРО ,КИ САЛОМАТИЯШ ХУБ ХАСТ ВА ТАВОНИ ДОРАД,БОЯД ХАТМАН РУЗА ГИРАД,БА ШАРТЕ,КИ ХУДРО МУСАЛМОН МЕХИСОБАД, ЧУН,КИ ИН АМРИ ХУДОВАНД (Ч.Ч) АСТ. ВА ХАТМАН ШУМО НАЧОТ ЁФТАГОНЕД.

DEHBALANDI
Худову расулаш гуфтаст рузадоред, аммо ин Бузмаков огох нест аз фоидахои Руза. у агар вокен табиб мебуд ин суханро намегуфт чунки бисёри беморонро бо воситаи руза табобат мекунанд. Чаноби расуллох гуфтаст руза доред солиму тандуруст мешавед

кобил
ДАР КУДАКИ БОЗИ ДАР ЧАВОНИ МАСТИ ДАР ПИРИ СУСТИ КАЙ ХУДОРО ПАРАСТИ

Dehbalandi
Шумо аз Худо наметарсен назари мара буриден. танхо аз Аллох бояд тарсид дустам

Дар ҷавонӣ тавба кардан нашъаи пайғамбарист,
Баъд - дар пирӣ ҳар гав мусулмон мешавад.

Агар пур сахт бошад, узр! Лекин, ин ҳақиқат аст. Худованд ҳамаи мову шуморо тавфиқу ҳидоят ато бифармояд, Омин!

Ba bui piri chandin navjavoni, Biraft be tavba az in dori foni ... Az Hudo btars ogoi Buzmakov, uqa kor kadana nagz mebini xdt ruzata bxru kor k, marduma da'vati ba ruzaxuri nak, zero azobi Hudovand saxtu dardnokay ...

Бузмаков, ба пири мегуй? Магар шарм намедори мардумро гумрох мекуни? Ту худ руза намегири, чаро дигаронро аз ин бозмедори? Мегуи, ки кору хизмат кардан даркор. Вакте амри худо, зоте, ки туву ахлу ачдодатро халк кард ба чо намеори, чи гуна ман бовар кунам, ки ту хизмати ин халка мекуни, Бузмаков?

Абдурахмон
Мемури аму фикри буз чаронитона кунен Бузмакувхо аз бузчарони яки ягбора ин вазифахора гирифтан намедонан чи гуянд дар сохаи чорводори хуб мутахасиси буден агане хамара партофта хизматчии давлатиро сахт гирифтен Хару бузхо да кадхои рах мондааст бе соиб.

Zayd
О бародархо шумо ачоиб, хама муъмину мусалмон хастед,
хаминро ахмият дихед худаш мега то чи дарача эмон дорад, «БУЗ мак ов»

Ильхом,
Ту бигуфти чу ба пири бирасам тавба кунам,
Чи куни, чун зи чавони ба ачал дармони?

фируз
и одам хами исломам фанд мекуна,хами давлатдорирам нафсаш азобуш медодай.

Оқои Бузмаков,
президенти кишвар барои номҳои ғайриоддӣ ва ғайритоҷикӣ доштан бисёр тобеъонашро сарзаниш мекард. Магар ба шумо чизе нагуфтааст?

Дуввум инки рӯзаву намоз барои ҳар мусулмон фарз гардидааст, чӣ дар сармои зимистон бошад, чӣ дар гармои тобистон! Фақат дар боду ҳавои аз ҳад зиёд гарм ё сарди (экстремалӣ) моҳи рамазон режими кори заҳматкашонро дуруст ба роҳ мондан даркор. Бигзор корро субҳи зуд сар кунанду аз кор барвақт раванд. Дар мамолики арабии дорои боду ҳавои экстремалӣ мусулмонон умуман пас аз пешин аз кор озоданд. Вақте дар ҷои салқин бо ҳаракоти камтарин вақт мегузаронӣ, гармӣ онқадар эҳсос намешавад. Агар рӯзадорӣ ба зарари инсон мебуд, он бо амри Парвардигор фарзи бандагонаш намегардид! Фазилати рӯза он астки дар 36 сол чор фаслу 12 моҳро чарх мезанад. Рӯзадор ҳамаи инро бояд таҷриба кунад.

Сеюм инки, намедонам ишон чанд сола ҳастанд, вале аз гуфтаашон бармеояд ки ҳоло хеле ҷавон ҳастанд, ки қудрати рӯзагирӣ надоранд. То ҳадде ки гаҳворабандашон бикунанд. Мумтаҳо метарсам, барояшон дар бозор шумак (шошаравак) пайдо нашавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)