Шаҳрдорӣ: Танҳо тавассути автобус ба кор оед
Дар Қазоқистон аз ин ба баъд раҳбарони корхонаву муассисаҳо низ тавассути автобус ба маҳалли корашон ҳозир мешаванд.
Ба иттилои торнамои хабарии “Tengrinews.kz”, Санҷар Боқиев, яке аз кормандони мақомоти шаҳри Алма-Ато дар ин бора дар сафҳаи “Twitter”-и худ навиштааст.
Ба гуфтаи ӯ, Аҳмадҷон Есимов, шаҳрдори Алма-Ато зимни ҷаласае ба ҳама раҳбарони корхонаву муассисаҳои ин шаҳр дастур додааст, то тавассути автобус ба кор оянд: “Есимов тавассути автобус ба маҳалли кор ҳозир шуданро муфид хонда, гуфтааст, ки ин амал боиси аз наздик ошно шудан бо вазъи зиндагии рӯзмараи мардум мебошад.”
Боқиев дар сафҳаи худ афзудааст, ки дар аввал ин дастури шаҳрдориро шухӣ ҳисобидааст. Вале ӯ ҷиддӣ бори дигар таъкид дошт, ки тариқи автобус ба маҳалли кор омадан бисёр муҳим аст. Ин корманди мақомоти шаҳри Алма-Ато ҳоло раҳбарони муассисаву корхонаҳои ин шаҳр барои ҳозир шудан ба маҳалли кор аз нақлиёти мусофирбари калон истифода мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |