Эмомалӣ Раҳмон ба миллат боз чӣ хизмат карда метавонад?
Ёқуби Саид, рӯзноманигор
Бидуни шубҳа, президенти кунунии Тоҷикистон барои ин кишвар хидмат карда аст. Ҳам мухолифон ва ҳам мувофиқон бар хизматҳои ҷаноби президент қоил ҳастанд. Агарчи ҷаноби президент адои вазифа кардааст, аммо инро баъзеҳо ҳамчун хизмат қабул кардаанд. Бигзор чунин бошад. Ҳоҷат ба номбар кардани хизматҳои президент нест.
Хидмати президент дар марҳалаи кунунӣ ин аст, ки ба интихоби мардум арҷ бигзорад. Таъмини 100 дарсадии шаффофияти интихоботи президентиро таъмин намояд. Ва агар мардум нафари дигареро ба роҳбарии кишвар пазируфт, ҷаноби Раҳмон зимоми кишварро ба нафаре, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, бисупорад. Ин хизмате хоҳад буд, ки то абад дар хотираи мардуми тоҷик маҳфуз мемонад.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ
Беҳтарин хизмате, ки Эмомалӣ Раҳмон барои миллат метавонад анҷом диҳад ин аст, ки пурра ба истеъфо равад. Имконияте ҳаст, ки ба ҷои вай дигар одам биояду имкониятҳояшро истифода кунад. Яъне президенти имрӯза алакай қобилияти худро пурра истифода кардааст.
Бобоҷони Қаюм, раиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ
Хизмати дигаре, ки президент метавонад дар ҳамин марҳилаи то интихобот анҷом диҳад, ин ба вуҷуд овардани ҳамгароӣ ва рақобати солим байни неруҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат мебошад. Яъне дар ин марҳила президент аз роҳбарии ҲХДТ истеъфо диҳад ва амалан ҳамаи неруҳои сиёсиро дар ҳукумати худ ҷалб намояд. Фазои сиёсии ҷомеаи мо баъди расидан ва сулҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба як раванди ҳамгароӣ дорад, ки президент метавонад бо ин кор ҳамин равандро оғоз намояд.
Хизмати дигари президент метавонад ин бошад, ки дар интихоботи оянда аз як номзади ҷавон ва тавоно ҳимоят кунад ва кишвару ҷомеаро аз зери бори маломатҳои интихоботҳои ғайри шаффоф, ҳукумати авторитарӣ ва ғайра берун барад. Ба назари ман бо ин хизматҳо президент метавонад, ҳатто ба символи минтақа табдил ёбад ва аксарияти мушкилоти кишвари мо бо ин роҳ ҳалли худро меёбанд.
Бахтиёр Сатторӣ, фаъоли ҳуқуқи башари муқими Маскав
Дар оғози истиқлолияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кам кор накард. Ҳоло низ ӯ ба унвони шахси аввали кишвар метавонад барои эҳтироми воқеӣ ба конститутсия довталабона ба истеъфо равад. Бо ин амал тамоми раисони ҷумҳури наслҳои ояндаи кишвар, ки болотарин мақомро доранд, ба дунболи пайгирии қавонин хоҳанд буд.
Амир Қарақулов, раиси ҲАТ
Он кас боз метавонанд бисёр хизматҳои шоистае барои миллат анҷом диҳанд. Дар вохуриҳое, ки дар минтақаҳои мамлакат гузаронидаанд, дар бораи нақшаҳо бисёр хубу равшан ва неку аён сӯҳбат кардаанд. Мардум ҳам ба хубӣ инро дарк, қабул ва эътироф карданду эътимод пайдо карданд. Ман боварӣ дорам, ки боз хизмати шоиста барои миллату ватани худ мекунанд.
Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ
Корҳои бисёре ҳаст, ки метавонад анҷом диҳад, минҷумла кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки акнун 38 фоиз асту дар 7 соли пешомад ин барнома комилан ҷомаи амал мепӯшад. Ғайр аз ин боз дар мавриди бунёди иншоотҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ метавонад иқдом намояд. Бояд дар ҳудуди 300 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шавад ва дар сурати шароити мусоид фароҳам омадан ва ризояти Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Роғун навбати якумаш ақаллан ба анҷом расонида мешавад.
Дар сиёсати байналхалқӣ ҳам бо ташаббусҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати Тоҷикистон боз дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар мешаваду мустаҳкам мегардад. Имсол дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Тоҷикистон як форуми калони байналхалқӣ баргузор мешавад. Мо дар барномаи пеш аз интихоботии номзади ҳизби худ нақшаҳои зиёде дорем, ки ман боварӣ дорам амалӣ мегардаду сатҳу сифати зиндагии мардум ҳам боло меравад.
Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия
Беҳтарин хизмате, ки болои хизматҳои дигараш Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба миллат кунад, ин вафо кардан ба ваъдаҳои додааш ва гузаронидани интихоботи шаффоф ва воқеӣ мебошад!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |