Додихудо Саймиддинов: Тутубалина бояд ҷавоб диҳад

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, шикояти як гурӯҳ зиёиён аз болои Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия-Плюс”, ба додгоҳ ҳирфаӣ ва касбӣ нест.
Ӯ, ки зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт: “Ин баҳсҳо баҳсҳои ҳирфаӣ ва касбӣ нестанд. Он чизе, ки ман шунидам албатта таҳқир аст. Таҳқири як қишри пешрафтаи ҷомеа бисёр чизи бад аст. Лекин Тутубалина бояд ҷавоб диҳад”.
Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо Додгоҳи иқтисодии Душанбе бо далели он ки номаи шикоятии зиёиён ба забони русӣ навишта шудааст, онро бозпас дод ва гуфт, бояд ин нома ба забони тоҷикӣ навишта шавад.
Даъвогари асосӣ Иттиҳоди адибон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст.
Тутубалина дар ин матлаб бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигари тоҷик кор фармуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |