Ифтитоҳи ду парвандаи ҷиноӣ алайҳи хушдоманҳои келинозор
Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ду ҳолати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи хушдоманҳо барои озори келинашон сабт шудааст.
Шуҳрат Мирзоаҳмадов, ҳуқуқшиноси ин ниҳод, имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, як парванда дар вилояти Хатлон буд, ки аз рӯи он аллакай ҳукми суд баромад ва хушдоман барои ба худкушӣ расондани келин 4 соли зиндон гирифт: “Аммо аз сабаби он, ки маҳкумшуда модари пиронсоли муҳтоҷ ба нигоҳубин дошт, татбиқи ҷазо ба таъхир гузошта шудааст.”
Ба гуфтаи Мирзоаҳмадов парвандаи дигар айни ҳол аз тарафи мақомоти додситонии шаҳри Истаравшан мавриди тафтиш қарор дорад: “Ин ҷо низ хушдоман барои ба худкушӣ расондани келин гунаҳкор карда мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон барои расондан ба худкушӣ нисбати 26 нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |