Бахшҳо
26 июл 2013 11:01Тоҷикистон / Сиёсат

Картабозӣ ва хурусҷанги раиси Ҳисор қиморхонаи калонро ошкор кард

Алишер ЗАРИФӢ

Дар пайи шикояти як гурӯҳ сокинон, аз ҷумла ветеранҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ҳисор як маркази калони қиморбозӣ, бо ҳузури шахсии раиси ноҳия ошкор шудааст, ки дар ин марказ садҳо нафар аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ меомадаанд.

Усмон Сабзов, раиси ноҳия Ҳисор зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, аз шаҳри Душанбе ветеранҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ ва дигар сокинон мактуби дастаҷамъона навишта, гуфтанд, ки 10-12 маротиба ба роҳбарияти Ҳисор дар хусуси бастани қиморхона муроҷиат карда истодаем, лекин ягон натиҷа нест.

Ба қавли раиси ноҳия дар ин мактуб гуфта шудааст, ки “охир, ҳамон қиморхонаҳоятонро маҳкам намекунед, зеро аз дастаи наберагон ва писаронамон на телевизиор мондааст, на оинаву шифанер, на гушворҳои духтаронамон ва на чалаҳои келинҳоямон.”

Бо назардошти ин Усмон Сабзов мегӯяд, бо ҳамроҳии Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия маслиҳат намуда, ба макони қиморхона рафта, аз тамоми корҳое, ки ҷавонон он ҷо машғул мешудаанд, шахсан огоҳӣ ёфтаанд: “Як рӯз сардори шӯъбаи корҳои дохилиро гуфтам, як ҷо говдуздӣ аст, мо рафта бо ҳамроҳи онҳо говдуздӣ мекунем ва ҳамин тариқ ҷинояткорҳоро боздошт мекунем. Либосҳои дигар пушидему рафтем. Бо ҳамон суроғаи додагӣ рафтем, ки дур набудааст, базаи дуюми Тоҷикматлубот, дар сари роҳ будааст. Вақте ки он ҷо рафтем, як одам истодагӣ мошинҳоро ҷо ба ҷо мекунад.”

Раиси ноҳия иброз дошт, ки даромадан ба қиморхона, мисли воридшавӣ ба маҷлисҳои расмии ҳукумат аст, “фақат он ҷо пул намедиҳӣ, ин ҷо пул медиҳӣ.” Ба қавли ӯ, ҳар шахсе, ки мехоҳад ба ин қиморхона дарояд, 5 сомонӣ медиҳад: “Конверте, ки он ҷо мондагӣ аст, дар ягон ҷо ин гуна конверти нави ялақосиро истифода намебаранд. Конверта медиҳад, фамилияатро менависӣ, телефонатро хомуш карда, дар болои ҳамон конверт мемонед».

Усмон Сабзов илова намуд, ки вақте дохили қиморхона шуд, дид, ки он ҷо барои ангуштбозӣ, алоҳида, барои қимор, картабозӣ ҷойи алоҳида, барои хурусҷанг ҷои дигар ҷудо шудааст: “Хай, саҳнаи як автобазаи калон. Одам хеле зиёд буд ва прожекторҳое, ки он ҷо мондагӣ, дар ягон ташкилот, дар маркази ноҳия ин гуна прожактерҳо нест”.
Тавре раиси ноҳия нақл кард, ӯ ва Валиҷон Табаров аввал картабозӣ мекунанд ва Табаров 300 сомонӣ бой додааст. Баъдан хурусбозӣ мераванд, ки як ставкашон аз 500 то 1000 сомонӣ ва ҳатто то 1000 доллари ИМА будааст: “Онҳоро тамошо кардем. Баъдан буҷилбозҳо ва ангуштарӣ бозимекардагиҳоро тамошо кардему бо онҳо низ бозӣ кардем. 700 сомонӣ буридам, 300 сомонияшро ба сардори шӯъбаи корҳои дохила, ки бой дода буд, додам. Соат 2-и шаб буд, вақте омадем телефонҳоямонро намедиҳанд, ки алоқада бароем. Гуфтем 15 ҳазор сомонӣ бой додаем, қарздор шудаем телефонҳоро диҳед, гуем пул биёранд. Телефонҳоро доданд ва мо он нафароне, ки вазифадор буданд, бояд меомаданд, ба онҳо занг задем».


Усмон Сабзов иброз дошт, ки дар натиҷа аз ҳудуди 300 нафар дар маркази қиморбозӣ, 83 нафарашро худи ҳамон шаб боздошт намудаанд: "Ҳамчунин 63 мошин маҳкам намудаанд. Аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ телефон мекунанд, ки раис хай бори аввал аст…»

Бино ба маълумоти раиси ноҳия, дар маҷмӯъ нафароне, ки аз ҳисоби қиморбозӣ дар ин марказ боздошт шудаанд - 23 нафар аз Суғд, 14 нафар аз Қурғонтеппа, 5 нафар аз Бохтар, 5 нафар аз Хуросон, қариб 40 нафар аз Душанбе 18 нафар аз Рӯдакӣ, қариб 70 нафар аз Ҳисор, умуман аз тамоми ҷумҳурӣ будаанд, ки рӯзи шанбе омада як шабонарӯз бозӣ карда, рӯзи душанбе мерафтаанд.

Раис илова намуд, ки аз боздоштшудагон дар маркази мазкур 480 ҳазор сомонӣ ҷарима ситондаанд. Дар ҳамин ҳол раиси ноҳия таъкид мекунад, ки дар 5 соли охир Ҳисор маркази қиморбозони ҷумҳурӣ будаасту, як кас хабардор нашудааст ва инро тааҷҷубовар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
Шахрванд
Мебахшед рафик Усмоов то омадани шумо ин Хисори мегуфтагиатон ва он макомотхои дахлдор вучуд надоштанд магар? Макомотхои дахлдор кур шуда буданд магар?

Рахмат райси нохияи Хисор!
Ва баъдан чор нафари дигар агар чунин райсон мешуд корупсия аз байн меравад.
Оё дар дигар манотики Чумхурии чунин амалхо вучуд надоранд? Ё райсони дигар нохияхо хама тарсру ва буздилинад?

Изхор
Э раисе раис Ачиб накл кардаст. Се руз рафта 700 сомони мебурди баъд мебасти киморхонара. Хамин раис дуруг нага холисона кор куна Офарин ба у!!

айб шуд айб обруи як шахри бостониро резондан нафрат ба киморбозон

нафрат дорам аз онхо

малик
бэтмен аз кучо пайдо шида боша?

Киморбоз
Бахудо, комиссар катания ку ин раис. Наход нашинохта бошандаш-а? ачиб мардум раиси нохияра намешиносад. Мегум Эмомали Рахмон сайри танхо кардана ба районо аз Сабзов омухта боша???

Абдуллох
Офарин раис хама раисхо хамин хел шаван зур

о ин мардум кур хастанд, ки раиси нохияро ва сардори милитсияро намешиносанд бо онхо киморбози мекунанд ва хурусбози? бовар кунед махс дуруг аст дар нохияи кучак 300 нафар чаъм шаванд чи дар чашми ягон кас наметобад магар?

Так держать!!!! Раисбобо агар хакикат бошад офаринатон, Раис Ана хамун одаме хаст ки хамеша дар байни одамост, на баъди кор дар табакахонаю шашликхона!

Хамин короя Раиси Истаравшанба ёд медоданд, хуб мешуд...

Аличон
Э кандата зан САБЗОВ!!!! Кош тамоми раисону вазирон мисли Шумо чашми бино медоштану камбудихои пеши чашмашонро ислох менамуданд! Он гох хочат аз гила намудан ба Президент намешуд. Мешудаст ку!

Адолатхох
Ин кори дига надора ин раиси н.Хисор ин хел кадем ун хел кадем мегуй ягон теророриста капида бошад ука зур боши ва ука худта бовичдон мегири ришвагирхоро кап ку

Сурхов
раис ё Чемс Бонд?
Чаноби раис хдт раиси шахри ё Чемс Бонди точик? ихелам мушидаст да. Раиси шахр аз паси хурусбозову картабозо мегардаву ина реклама карда кор нишон додани мешавад.
О чаноби раис ин кори кормандони хифзи хукук аст, вазифаи шумо таъмини чои кор, бехбуди зиндаги, баланд бардоштани сатхи маориф ва хеле чизхои дигар. Монед ин Чемс Бонд бозиатонрову рекламахотона. Медонам ки бо як занги телефон сохибони киморхона кайхо озод шуда рафтану чанд киморбози камбагали аблахро чазо медихеду инро реклама карда кор кардам мегуед.
кани элон кунед киморхона моли писари кадом мансабдор аст?
кани элон кунед мошинхои боздоштаатон аз писари кадом мансабдор аст?
Вакте раис вазифаи худашро намедонаду чи кор карданашро намедонад хаминхел масхарабози карда мегардад.

Сугд
Ин раиси Хисор мисли кахрамонони филмхои турки амал мекунад. Дируз бо хамин тактика гонкачихоя хам дастгир карда буд.
Акнун як сару либоси чандарро пушида ба идорахои давлати хам равед ва коррупсиянеронро дастгир кунед. Дигар ба агентии коррупсияву милитсия хочат намонд, хамаро Усмон Сабзов хал мекунад....

Ин раиси Хисор як одами хассос будааст. Якта хамин хел раис дар Шихритус хам буд, намедонам кучо хомуш шуда рафт? Акнун Сабзов бо амалиётхои "махсус"-аш диккати ВАО-ро ба худ чалб карда истодааст. Лекин ин раис дар киморбози зур будааст. "....аввал картабозӣ мекунанд ва Табаров 300 сомонӣ бой додааст..."

Ин Раис касбу кораш шеърнависи буд, ку акнун Детектив ба гузаштаст ку
Детектив Усмон Сабзови Пуаро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)