Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, имконоти рушди Tajnet, IP ва TV, рушди контенти тоҷикӣ ва нигоҳи нав ба масъалаи таҳкими амнияти иттилоотӣ аз мавзӯъҳои аслии мавриди баррасии мизи гирде дар Душанбе хоҳад буд.
«Рушди Tajnet – заминаи бехатарии миллӣ» унвони мизи мудаввар аст. Лола Мерганова, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии ташкилоти ҷамиятии «Хома» ба «Озодагон» гуфт, ҳамоиши мазкур рӯзи 29 июл дар пойтахти кишвар баргузор мешавад. Ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар ин нишаст муарифии китоби ҳуқуқшинос Умрилло Меликов бо номи «Иттилоъ дар Интернет – танзими ҳуқуқӣ» дар назар аст. Ҳуқуқшиноси созмони «Хома» Ирина Симонова бошад, оид ба таҳлили муносибатҳои ҷамъиятие, ки бо Интернет алоқаманданд, маърӯза хоҳад кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр