Раиси Норак: “Окно”-ро водор кардем, ки андоз супорад (АКС)

Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Норак, мегӯяд, пас аз талошҳои зиёд ахиран тавонистаанд масъулини системаи наззораи кайҳонии “Окно”-ро водор намоянд, ки ба буҷаи маҳаллӣ андоз пардохт кунанд.
Раиси Норак, зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди “Окно”, ки айни ҳол дар ихтиёри Русия қарор дорад, гуфт, “пеш андоз намесупориданд, аммо мо исбот кардем, ки бояд супоранд. Ҳоло аллакай зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд. Ва дар маҷмуъ муносибаташон бо мо бениҳоят нағз аст.” Раиси шаҳри Норак таъкид намуд, ки бисёре аз масоили марбут ба фаъолияти “Окно” махфӣ асту ҳамаашро гуфта наметавонад.
Маҷмааи «Окно» дар баландии 2 ҳазору 216 метр аз сатҳи баҳр 9 километр дуртар аз шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Соли 2004 он дар асоси қарордоди муштарак ба ихтиёри Русия вогузор гардид. Он замон қарор буд, ки Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ивази ин маҷмаа то 5 сол 2 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад ва дар баробари ин, ҷониби Русия ҳамон вақт барои ин маҷмаа қарзҳои қобили мулоҳизаи Тоҷикистонро тамдид намуд. Ин маҷмаа метавонад вазъи фазои кайҳониро ба таври дақиқу фаврӣ шурӯъ аз 2 ҳазор километр то 4 ҳазор километр инъикос намояд ва яке аз нодиртаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |