Соҳиб Саванқулов ва клуби Боку бо ҳам «забон наёфтанд»
Соҳиб Саванқулов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва клуби «Истиқлол»-и Душанбе, ки зери санҷиши бошгоҳи футболи «АЗАЛ»-и Озорбойҷон буд, ба Ватан баргашт.
Саванқулови 24 сола дар чор бозии санҷишии клуби Боку ширкат намуда ва дар яке аз онҳо гол низ зад.
Торнамои ФФТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, «ҷонибҳо ба имзои қарордод наздик буданд, аммо дар мавриди шартҳои молӣ ба мувофиқа нарасиданд».
Аммо манбаъ нагуфта, ки клуби «АЗАЛ» чӣ маблағеро барои бозигари тоҷик пешниҳод кардааст ва Соҳиб ба чӣ маблағе тавақуъ дошт.
Ба иттилои торнамои ФФТ, Саванқулов ҳоло ба Душанбе баргашта, карераашро дар клуби «Истиқлол», ки дар ҳайати он ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуд, идома медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |