Бахшҳо

Адвокат: Иттиҳоми таҷовуз ба Зайд Саидов зарбаи сахти руҳӣ расонд

Додситонии Душанбе тафтиши парвандаи бисёрзании Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба поён бурда, ӯро бар асоси моддаи 170-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бисёрникоҳӣ, айбдор донистааст.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, рӯзи 25-уми июл дар ин бора ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “акнун ин парванда ба додгоҳ ирсол мешавад.” Додситонии Душанбе моҳи майи соли ҷорӣ бо пахши иттилоияе гуфта буд, мувофиқи маълумоти онҳо, Зайд Саидов дар як вақт бо чор зан зиндагӣ мекунад.

Бино ба иттилоияи ин ниҳод, Саидов гӯиё аз зани аввалааш -- Латофат Тоҳирова соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш -- Фирӯза Юнусова соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш -- Парвина Аминова 2 фарзанд дошта, зани чорумаш -- Марина Орлова сокини шаҳри Курски Русия мебошад. Ахиран муфаттишони додситонии пойтахт кафшҳои Зайд Саидовро, ки дар манзили ҳамсаронаш ёфт шудаанд, низ мавриди ташхис қарор додаанд. Вале аз оғоз ин хонумҳо дар бозпурсии муфаттишони Додситонии Душанбе зиндагии якҷояашон бо Саидовро рад карда ва мегӯянд, ӯ аввал ҳамсарони пешинаашро талоқ дода, сипас никоҳи нав бастааст.

Бисёрзанӣ яке аз бахшҳои кӯчаки айбнома ва иттиҳомоти алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав аст. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, ришват, қаллобӣ ва ҳамчунин таҷовуз ба номус муттаҳам мекунанд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, иттиҳоми таҷовуз ба номус ба нафари таҳти ҳимояташ зарбаи сахте задааст. “Вазъи саломатии Зайд Саидов баъди ташхиси духтурон як каме беҳтар буд. Вале ин иттиҳоми охирини таҷовуз ба номус Саидовро хеле нигарон кард. Номбурда агар иттиҳомҳои қаблиро як гуна таҳаммул мекард, аммо ин навбат шадидан эрод мегирад, ки чӣ гуна ӯро ба як бадахлоқӣ гунаҳкор мекунанд”,-афзуд Зокиров.

Мусоҳиби мо афзуд, мақсади аслии масъулин шояд ҳамин зарбаи равонӣ расонидан ба зерҳимояаш буд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, то имрӯз вакилон бо шахсияти ҷабрдида ошно нашуда, мақомот ҳам онҳоро барои пурсиш рӯбарӯ накардаанд. Зайд Саидов ҳам дар сӯҳбат бо вакилонаш гуфтааст, ҳеч ошноие бо чунин як шахсият надорад. “Аслан Зайд Саидов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чӣ гуна мақомот ӯро бо моддаи 138, яъне истифода аз зӯрвоварӣ ва қувва муттаҳам мекунанд, вақте ӯ чунин имконияти ҷисмониро надорад”,-илова кард Фахриддин Зокиров.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Мӯҳр
Пулу моли бисёр дошти шукри Худо гуфта хайраш мекарди хомуш ба мачрои зиндаги кадам мемонди намешуд, ки боз хизбу хизбчаро ташкил карди. Бехуда нагуфтаанд, ки Худованд ба бандааш харчанд давлату сарват дохад хамоно кам аст ва дар талоши сарвати аз он хам зиёдтар мешавад. Илохо Худован бе икболат накунад в-агар на бо хама дороиат нест мешави...

пайкон
у дилаш ба холи мо сухт ва ба ин кор даст зад вагарна сарвати у ба 7 пушташ мерасид. Чаро мо хомушем? Мо магар инсонеки дилаш ба мардумаш месузад таги по мекунем? Мардум бедор шавед! Боре бубинед хакикатро. Магарподрши дилсузиаш хамин аст?????

Шокир
Шукр бояд кард. Кинои хазрати юсуфа баренш тамошо кунад. Наход бо як телевизиони оддихам таъминаш накунанд. Тахаммулпазир набоши дар махбас ахвол бад мешавад. Боз бегунох боши асабот вайрон доим.Худо касеро ба махбас набарад ва нафарони бегунохро худованд мадад кунад. ОМИН!!!

фазила,
Baroi Fazilat. Fikrat nodurust ast khohar. Mo agar beparvoi kunem va ba juz zindagii khesh az zindagii digaron bekhabar boshem, in ast noshukri. Zayd Saidov behtarin mardonagiro kard va inshoalloh umed dorem, ki dar dunyo va okhirat in ablahoni tuhmatkunanda sazoi khudashonro megirand.
In badbakhthoi tuhmatkunandaho ruzi siyohro inshoalloh Khudovand baroyashon meorad. Omin.
Charogi zulmi zolim to dami mahshar namesuzad,//
Agar suzad shabe suzad, shabi digar namesuzad.//
Ba tamomi payravon va kheshu tabori Zayd Saidov dar in musibat sabrro orzumandam. (Innalloha maas sobirin=Khudovand bo sabrkunandagon ast).

фазила,
Baroi Fazila. Fikrat nodurust ast khohar. Zayd Saidov behtarin amalro kard. Fikr kardan tanho ba zindagii khesh va beparvo budan az zindagii digaron, in ast noshukri. In tuhmatkunandahoi ablah, inshoalloh ruzi siyohro Khudoband baroyashon meorad. In badbakhthoi tuhmatkunandaho inshoalloh hej goh ba maqsadhoi palidashon namerasand.
Charogi zulmi zolim to dami mahshar namesuzad,//
Agar suzad shabe suzad, shabi digar namesuzad.//
Ba tamomi payravon va kheshu tabori Zayd Saidov sabrro mekhoham. (Innaloha maassobirin=Alloh bo sabrkunandagon ast).фазила,

Baroi Fazila. Fikrat nodurust ast khohar. Zayd Saidov behtarin amalro kard. Fikr kardan tanho ba zindagii khesh va beparvo budan az zindagii digaron, in ast noshukri. In tuhmatkunandahoi ablah, inshoalloh ruzi siyohro Khudoband baroyashon meorad. In badbakhthoi tuhmatkunandaho inshoalloh hej goh ba maqsadhoi palidashon namerasand.
Charogi zulmi zolim to dami mahshar namesuzad,//
Agar suzad shabe suzad, shabi digar namesuzad.//
Ba tamomi payravon va kheshu tabori Zayd Saidov sabrro mekhoham. (Innaloha maassobirin=Alloh bo sabrkunandagon ast).

Muhsin
фазила,
Ту агар акли расо медошти чунин наменавишти.
Агар шахсони сарватманду - бомаърифату, "БОАКЛ" мисли Зайд Саидов фикри чомеаи моро накунанд, ин ботлоки хозира хамаи моро хохад кашид. Кур хастиву, бехуда вач-вач мекуни...

Зикруллох
Бисёр талаб макун ба кам зор шави!

Сара
Салом ба дустони азиз, нисбати Зайд Саидов хело хам берахмият кардиян. Ман хамин шахсро намешиносам лекин аз навиштахои, ки моддаи 170 бисерезанаги охир хама занхояш икрор шудиги,ки талокошона додаги будай, ба зан гирифта будай. Чанд зане,ки агар зан намешудан фоиша мешудан аз рахи бад гардондай, дар никохи худ даровардай и марда медали тилло тиен. Одамо дар хами замон як зану кудакои худшон хуронда наметонан. Пул дора гирифтай ошуш шава, ай беманеги гаштана зан бгира нагз нестай. Охир давлати мо давлати демократия.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)