Шайхҳо қории 12-солаи тоҷикро аз беҳтаринҳои ҷаҳон хондаанд
Луқмон Абдураҳмонов, қории 12-солаи тоҷик, дар 17-умин озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай, ки 11-уми июл бо иштироки 90 қорӣ аз кишварҳои ҷаҳон оғоз шудааст, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Тибқи иттилои сомонаи “gulfnews.com” ин озмунро дар Дубай, шаш шайх аз Арабистони Саудӣ, Миср, Таиланд, Туркия ва Аморати араб баҳогузорӣ мекунанд ва қории тоҷик аз пешсафони озмун арзёбӣ мешавад.
Луқмон дар суҳбат бо “gulfnews.com” гуфтааст, аз синни шашсолагӣ ба ҳифзи Қуръон оғоз кардааст: “Аввалан мехостам, як саҳифаро ҳифз кунам, баъдан дуюм ва ҳамин хел давом ёфт. Дар аввал дар як рӯз як саҳифаро азёд мекардам, баъдан 1,5 саҳифа ва ниҳоят дар синни 10-солагӣ Қуръонро хатм кардам. Чун арабӣ забони модариям нест, дар марҳиллаи аввал барои ман ин як мубориза буд.”
Луқмон Абдураҳмонов гуфтааст, ин сеюмин озмун аст, ки ӯ ширкат дорад. Ӯ гуфтааст, ба озмуни байналмилалӣ дар Дубай баъди ғолибияташ дар озмуни қориёни Қуръон дар Маркази исломии Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Ӯ афзудааст, ки дар оянда мехоҳад духтур шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |