Дар феҳрасти муҳайё сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоя аз миёни 212 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 154-ум қарор гирифт.
Ба иттилои оҷонсии миллии рейтингии Русия аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи беҳтарро Қазоқистон соҳиб шудааст. Ин кишвар мақоми 93-юмро муаррифӣ мекунад. Дар рейтинги мазкур Қирғизистон дар ҷои 131 ва Ӯзбакистон дар зинаи 178-ум қарор доранд.
Тибқи хулосаи пажӯҳиш зинаи аввал насиби Дания шудааст. Финляндия ва Швейсария низ барои муҳайё сохтани шароитҳои мусоид, ки боиси ҷалби бештари сармоя мешавад, мутаносибан дар мақомҳои дуюм ва сеюм нишастаанд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми омодасозии рейтинг чандин нишондиҳанда ба назар гирифта шудааст. Шароити зиндагии аҳолӣ, мизони озодии иқтисодӣ, сатҳи ришвату фасод аз нуктаҳои асосие будаанд, ки зимни таҳияи рейтинг пажӯҳишгарон ба он таваҷҷӯҳи бештаре кардаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр