Ширкати миллиардери эронӣ монополисти Тоҷикистон эълон шуд
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкати “Осиё Экспресс”-ро ба феҳристи монополистҳо дар кишвар ворид намудааст.
Масъулини ин Хадамот, имрӯз, 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, минбаъд бо дохил шудани “Осиё Экспресс” теъдоди монополистҳо дар кишвар ба 46 адад расид, ки ҳамаашон дар феҳрасти давлатӣ буда, фаъолияту нархгузории онҳо дар мувофиқа бо ин хадамот сурат хоҳад гирифт.
Мусофирбарҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" кори худро дар Тоҷикистон, аз 15-уми март оғоз карда, аз 38 хатсайре, ки Саристгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои пешин доштааст, айни ҳол дар 12-тои он автобусҳои ин ширкат ҳаракат мекунанд. Ин ширкат ҳоло дар хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ваҳдат-Файзобод, Душанбе-Ваҳдат -Обигарм ва Душанбе-Ваҳдат-Обигарм-Роғун ва ба навоҳии вилояти Хатлон, Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Фархор Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кулоб фаъолият мекунад.
Тибқи иттилои масъулини Осиё Экспресс дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи як чиптаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтепа 18 сомонӣ, Душанбе-Ҷалолиддини Румӣ 25 сомонӣ, Душанбе-Дӯстӣ 30 сомонӣ, Душанбе-Ваҳдат 5 сомонӣ, Душанбе-Файзобод 10 сомонӣ, Душанбе-Обигарм 18 сомонӣ, Душанбе-Кӯлоб 40 сомонӣ, Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ 15 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, ахиран зимни ироаи сабукиҳои андозию гумрукӣ ба “Осиё Экспрес” дар парлумон суол гузошт, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”
"Осиё Экспресс", аз ҷумлаи ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ арзёбӣ мешавад, ки мақомоти тоҷик ба онҳо имтиёзҳои зиёди гумрукию андозиро ироа кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |