“Uzmetronom” муваққатан фаъолияташро қатъ кард

Фаъолияти торнамои “Uzmetronom”, расонаи мустақили Узбакистон муваққатан қатъ карда шудааст.
Сергей Ежков, муҳаррири ин торнамо дар сафҳаи фейсбукии худ дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки чанде қабл аз тарафи Додситонии низомии Узбакистон ба номи ӯ расман огоҳинома ирсол карда шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин додситонӣ торнамои “Uzmetronom”-ро дар нашр намудани хабарҳои бардуруғ оиди задухурди мусаллаҳонаи марзбонони узбаку қирғиз айбдор карда, ҳушдор додааст: “Дар сурати такрор шудани ингуна ҳолатҳо, ки боиси ба сарди гароидани равобити кишварҳо мешавад, додситонӣ маҷбур аст, масъулони сомонаро ба додгоҳ кашад.
Ежков мегӯяд, ҳар чанд аз Додситонии низомии Узбакистон хоҳиш кардааст, то бигуянд, дар нашри кадом хабар ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Вале ин ниҳод аз додани тавзеҳот худдорӣ намудааст.
“Аз ин рӯ, масъулони сомонаи “Uzmetronom” тасим гирифтаанд, ба таври муваққатӣ фаъолияти худро қатъ намоянд”- афзудааст Сергей Ежков дар сафҳаи худ.
Торнамои “Uzmetronom” яке аз расонаҳои машҳури мустақили Узбакистон ба шумор меравад, ки дар бештар маврид бо нашри гузоришҳои таҳлилӣ сиёсати мансабдорони узбакро зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |