Ҳушдори Тағоймуродов аз гароншавии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи манъи содироти сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, эҳтимоли боло рафтани нарх дар бозорҳои кишвар зиёд аст.
Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба иттилои Хадамоти гумрук, ки дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 40 дарсади сӯзишворӣ ба кишвар аз Қирғизистон ворид шудааст, чандон эътимод надорад: “Агар саҳми Қирғизистон воқеан ҳам 40 дарсад бошад, баъд аз қарор оид ба манъи воридоти сӯзишворӣ аз ин кишвар ширкатҳои дигарро зарур аст, ки ҳаҷми воридоти маводи сӯхтро аз дигар кишварҳо зиёд намоянд. Вагарна дар бозори Тоҷикистон нархҳо боло хоҳанд рафт.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тағоймуродов нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тайи шашмоҳаи аввали соли равон ба ҳисоби миёна 3 дарсад поин рафта буд.
Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, қаблан изҳор дошт, ки Қирғизистон аз рӯи ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ҷои якум баромад. Бо вуруди беш аз 74 ҳазор тонна сӯзишворӣ ҳиссаи Қирғизистон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба 41 дарсад наздик шудааст, ки ҳатто аз сӯзишвории аз Русия воридшуда зиёдтар мебошад. Раҳматов ин ҳолатро ташреҳ дод, ки сӯзишвории Русия, ки ба Қирғизистон бе пардохти боҷи содиротӣ ворид мешавад, нархи арзон дорад ва он ба Тоҷикистон реэкспорт мегардад.
Аммо аз аввали моҳи равон Ҳукумати Қирғизистон содироти сӯзишвориро аз қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон барои як соли оянда манъ кардааст. Сомонаҳои расмии қирғизӣ мақсад аз ин қарори ҳукуматро ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ва таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии Қирғизистон мегӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |