Бахшҳо
24 июл 2013 19:55Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Видеои баҳсбарангези “васиятномаи модар” ба Додоҷон

Рӯзи 24-уми июл дар Интернет, хитоб ба Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор", видеои 27-дақиқаӣ нашр шуд, ки дар пасманзари намоиши модари пири Додоҷон аз ӯ даъват мешавад, "аз роҳи туҳмату бадномкунии давлату миллат баргардад".

Дар ин навор аз қавли модари Додоҷон аз ӯ даъват карда мешавад, ки аз роҳи пешгирифтааш баргардад. Инчунин таъкид мешавад, ки "ба бадгӯию бадзабонӣ, туҳмату таҳқир тавассути барномаҳои телевизиониаш хотима бахшаду роҳи ислоҳро пеш гирад".

Ин навор дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтае пеш раиси ҷамоати Ворӯи Панҷакент ҳамроҳ бо се нафари дигар аз модари 83-солаи Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талаб кардаанд, то аз фарзандаш бихоҳад, ки ба ватан баргардад. Яке аз наздикони Додоҷони Атовулло ба “Озодагон” гуфт, “онҳо дар аввал фақат модари Додоҷонро дидан мехостанд. Баъд пурсиданд, ки агар мехоҳад фарзандаш ба ватан баргардад, ҳамин ҷумларо такрор кунад. Модараш ҳам гуфт, мехоҳад, фарзандаш биёяд.”

ВИДЕОИ "ВАСИЯТНОМАИ МОДАР" БАРОИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ


Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, дар пайи даргириҳои дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда ва дар хориҷа ба сар мебарад. Ҳоло ӯ дар телевизиони “К+” барномаҳоеро дар бораи мақомдорони тоҷик ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пахш мекунад. Навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тавассути ин журналисти тоҷик дар “К+” пахш ва боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи тоҷик гардидааст.
Мӯҳр
Ин васияти сохтагии як модари чашминтизори фарзанд мебошад, вале оё ин фақат танҳо модари тоҷик аст, ки дар интизори фарзанд нишастааст ?Касоне ки ин спектаклро сохтаанд, оё фикр намекунанд, ки ин кор бар зиёни худашон тамом мешавад ? Вақте одам ин наворро мебенад, беихтиёр ба ёди ҳазорон ҳазор модароне меафтад, ки солҳои сол дар фироқи фарзандони дилбандашон ашк мерезанд. Агар Додоҷон ба хотири беадолатиҳои сиёсии ин ҳукумати худкома кишварашро тарк карда бошад, ҳазорон ҳазор фарзандони ин кишвар ба хотири беадолатиҳои иқтисодӣ маҷбур ба тарки ватан шудаанд. Модарони чашминтизори ин фараздон сол ба сол дар фироқи ҷигаргушаҳои худ ҷон ба ҷонофарин месупоранд, вале ҳеҷ кас нест ки садои андӯҳгини ононро бишнавад.

пайкон
э ин филмрол ки навор гирифта бошад ва ки ровиаш бошад? бовар кунед сохтааст мачбуран рафта навор гирифтагибарин метобад наход то хамин дарачая бошад ин модар ин кадар харф зада метониста бошад? ё навор бардорон 4-5 руз мехмони ин модар буданд хандаовар 26 минуту 24 сикунт шарм надоштед ки чунин кардед?

Ин хукумати Рахмон зураш ба худи Додочон нарасид анакнун зуреша модари бечораи Додочон ба нишон медихад.Ин коре,ки хукумат карда истодааст баръакс на обу руи Додочонро балки обу руи худро(бе ин хам обу руй дар байни мардум надоранд) пас зада истодааст.Агар дар Точикистон касе зиди хукумати Рахмон гап занад зуд уро хоину ватанфурушу терорист номбар мекунанд.Зинда бошед Додочон мо бо шумоем!

Точик
Кормандони Озодагон, хичолат нашудед ин тухматномаро аз номи модари Додочон як фохиша мехонад дар сафха гузоштед? Садкаи номи Озодагон шавед. Ин тухматномаи фабрикаи КГБ и режими Рахмонов аст, худатон хуб медонед боз хичолат гашуда дар сафхаатон гузоштед. Магар модар аз фарзандаш хатто чинояткор хам бошад, бадгуи намекунад. Чи расад ба чунин фарзанде мисли Додочон ки хар падар ва модар орзу мекунад ки хамин хел фарзанди бошараф ва бономус дошта бошад.

Шариф
Нафрин бар ноҷавонмардоне, ки ин дурӯғро сохтаанд. Офарин бар модари Додоҷони Атовуллоҳ!

In video yak sharmandagii millat ast. in sistema hama besavod budast ku

Ozod
Modari aziz! Nasihathoyat durust ast. Ammo donista bosh ki Dodojon az nomi modari 8 mln tojik gap mezanad, ki har ruz har ruz 100ho nafar tobut az Russia ba Tojikiston meoyad... Agar u hozir ba Tojikiston bargardad uro mekushand mekushand MODAR bovar kun. Shinosmai u baroi az dasti dushamnoni millat ast. Millati moro khoru mol kardestan. Dodojon baroi millat daruni DIL khun megiryad.... Injo fitna nest... Millat obod nest. 1 kuchai Shurcha pas az pakhshi Ittihodi Shuravi to hol dar tai changu gubor ast.... Davlatdoron hech chiz nakardand. Tamomi bemorkhonaho be pizishk mondaast... Kujost on farzande ki khuni dil khurad........ Az Panjakent to Ayni holo ham rohi soze nest... Ba tuneli Anzob vorid meshavi Khudo megi ki az onsu zindavu salomat baroi.... Duo kun baroi Dodojon ki baroi millat mesuzad... Modar Modar Modar fakat farzandi khudatro ba nazar nagir chnki injo hazorho modaroni befarzand megiryand, ki tobuti onho az khorij har ruz ovarda meshavad. Hamai onho invakt zinda budand agar dar davlati khud sohibi koru zindagi budand..... Fikri nazdikonro mekunad ki shabu ruz dar gami onho ast.... Agar nodurust meshud hej goh hukumatdoron omada shumoro ba har chi majbur namekardand va in sukhanhoro az nomi SHUMO MODARi aziz digarho namekhondand ... Boki havolaat ba Khudo .... az Hukumatdoron natars az khudovandi boloi sarat biharos Modar........ GIRYA>..............

Кадоме ин наворро таёр кардаст, ба хаёлам хело мефахрад, хело шод аст. Бародарони тоҷики худро намешиносам, барои мансаб, барои ду дирам тангаи ҳаром шуда, қадру қиммати модарро фаромӯш карданд. Ин бадбахтист. Мо тоҷикем, модар дустдор будем! Шоирони зиёд дорем, ҳама дар бораи модар шеърҳои пурмазмун мехонан! Мусалмонем дини мо мефармояд, модарро ҳурмат кунем! Ин наворро одами бе имон ва бе дил таёр карда аст! Пастии худро нишон дод тамом.

Внимание! У вас нет прав для просмотра скрытого текста.

олдп
Наход шумо фикр мекунед ки бо хамин гуна дешевый ход метавонед Додочонро аз рохаш баргардонед?

пайкон
э бародарон инхо фикр накарданд,ки томоми модарони точик дар интизори фарзандони мухочирашонанд.хуб фарзкардем Додочон омад итизории модар зиёдтар мешавад зеро у зинда намемонад мутмаинам озодагон шарм надошти ки ин наворро гузошти ё фармон шуд

Ин васиятнома тухматномае беш нест. Ман модари Додочонро хуб мешиносам ва садояшро низ аз хеле дур аз дигарон фарк мекунам. Дар ин видио агарчи акси модари у дида мешавад, вале заррае аз садои модари у дида намешавад. Фикр мекунам ин фармоише беш нест, ки душманони Додо тахия кардаанд ва зани хиёнаткоре онро ба овоз даровардааст.

ОШНО
Непрофессионально, нагзаш "Чавоби ахмак сукут"... Медонам муаллифи матн Давлат Сафар, Коргардон Наби Набизод, Танзими Насим Рахим ва мушовир Асадулло Рахмон аст. Хамон гурухи эчоди

Нурахмад
Бародаро инчо озодагон хеч айбе надорад факат як сайти хабари аст кори худашро анчом мета хабар хуб аст е бад о шумо ки нафахмед айби озодагон чи озодагон бехтарин сайти хабари дар точикистон мебошад офарин ба коркунони ин сайт худованд шуморо барои расонидани хабархо барои хонандагони ин сайт боз хам пуркувватрар гардонад. ОМИН

ИН ХАМА ФИТНАГАРИХОИ МАКОМОТИ ТОЧИКИСТОНАСТ Агар чанде, ки ман Додочонро тарафдори намекунам ва нияташро зам намедонам лекин медонам, ки ХАР ЯК СУХАНЕ, КИ МЕГУЯД ДАР БОРАИ ХУКУМАТДОРОНИ МО ХАМААШ РОСТАНД ВА ХАКИКАТ ДОРАНД.....

Мухочири саргардон
ин навор пурра сохта мебошад. Модари Додочони Атовулло, модаре хаст,ки шахсиятеро ба дунё овардааст,ки мо мардуми Точикистон аз у фахр мекунем. Мо фахр мекунем, мо Додочони Атовулло дорем ва фарзанди миллати точик хаст ва хамеша хакро мегуяд. Додочони Атовулло ,мехост ,холо дар яке аз курсихои баландмаком менишасту ба монанди дигарон,ки номусу шарафи инсонияшонро ба ивази як вазифаю пули харом фурухтаанд, ба хамаи фармонхои мансабдорон лаббайку,лаганбардориву чоплуси мекард ва зиндагии ашрофона медошт.
Лекин Додочони Атовулло ин корро накард ва хеч вакт нахохад кард. Ба хотири он,ки хост ва мехохад,ки мардуми точикро озод, сарбаланд ,хандон, обод,мухточи ягон миллати дигар набошад, бубинад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)