Боздошти доғистониҳо барои роҳзанӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини ноҳияи Ҳисор ва ду шаҳрванди ҷумҳурии Доғистон барои роҳзании мусаллаҳона дар Душанбе боздошт шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшудагон сокини шаҳраки Ҳисор Ҷалолов Суҳроб Зайдуллоевич, шаҳрвандони Доғистон, Гачиев Феликс Тоҳирбекович ва Омаров Магамадалӣ Магамедович аввали моҳи июл ошкоро амволи шаҳрванд Сидиқов Музаффарро бо таҳдиди таппончаву корд аз худ кардаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дастгиршудагон аз Сидиқов Музаффар дар назди хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2-и пойтахт, ҳангоми дар дохили автомашинаи шахсиаш қарор доштан, мавриди лату кӯб қарор дода, бо таҳдиди таппонча ва корд дастонашро ба қафо баста, аз кисаи ӯ 100 доллари амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тайота-Кемри»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.
Ба иттилои мақомот ҳангоми дастгир намудани ин муттаҳамон ба роҳзанӣ боз ду нафар Абдуллоев Ахмадҷон Исмоилович соли таваллудаш 1987 ва Расулов Зоиршо Маҳмадалиевич соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтуков қарор доштаанд, дастгир гардидаанд.
Вазорати умури дохилӣ бо такя ба моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, роҳзанӣ яъне ҳуҷум бо мақсади тассаруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ содир шуда, ба содиркунандагони он мувофиқи қисми якуми ин модда ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол, бо қисми 2 аз 10 то 12, бо қисми 3 аз 12 то 15 ва бо қисми 4 аз 15 то 20 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо татбиқ карда мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи зикргардида айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |