Бахшҳо
24 июл 2013 14:41Тоҷикистон / Сиёсат

Вайсиддин эътирози тоҷирони Ваҳдатро кори муғризон гуфт

Анвари Вайсиддин, раиси шаҳри Ваҳдат, имрӯз, 24-уми июл, зимни нишасти матбуотияш ба эътирози ахири тоҷирони бозори марказии шаҳр дахл карда, изҳор дошт, ки бо соҳибкорон зиддияте надорад.

Анвари Вайсиддин гуфт, ҳар талаботе, ки шаҳрдории Ваҳдат пеши соҳибкорон мегузорад, дар доираи қонунгузории Тоҷикистон ва барои таъмини тартибот аст: “Талаботи мо пеш аз ҳама ба фоидаи худи соҳибкорон ва барои тартиботанд. Аммо миёни соҳибкорон гуруҳҳои муғриз астанд, ки мухолифи ҳар гуна тартиботу навоварӣ ҳастанд.” Раиси Ваҳдат эътирозҳоро низ кори дасти ин гуруҳҳои муғриз гуфт.

Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ беш аз сад тоҷири бозори марказии шаҳри Ваҳдат ба нишони эътироз дар назди дарвозаи бозор гирди ҳам омаданд.

Тавре ҷамъомадагон дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, норозигии асосии онҳо ба талаботи ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, тоҷиронро аз ҷойи корашон ба бозори нави шахсӣ кӯчонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи тоҷирон бозори марказии Ваҳдатро онҳо бо пули худ обод кардаанд ва ҳар моҳе пули андозро саривақт месупориданд.

Як зани миёнсол, ки дар миёни тазоҳургарон буд, аз сахтии рӯзгораш шикоят намуда, аз ҷумла гуфта буд, "7 фарзанд дорам, ки якеаш маъюб аст. Аз се бонк ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор ҳастам, агар бовар накунед, инҷо бо худ ҳуҷҷатҳо дорам. 15 ҳазор доллар қарз гирифта, рӯзи худро мегузаронам. Ҳукумат парво надорад, чун шиками онҳо сер аст. Онҳо парвои камбағал надоранд. Худ қазоват кунед, ҳашт фарзандро нон додан осон аст?! Шиками раис бошад, сер аст, аммо мо обу барқ надорем. Худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, пайдо кунеду бихӯред, ин чи рӯзи сиёҳ аст, болои мо? Дар болои ин духтарам бо чаҳор фарзандаш дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, ба куҷо арз кунам, ба куҷо шикоят барам, намедонам."

Дар ҳамин ҳол худи мақомоти Ваҳдат низ тасдиқ мекунанд, ки рӯзгори бисёри аз сокинони ноҳия аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон дар чархиш аст. Тибқи иттилои ҳукумати Ваҳдат дар шаш моҳи аввали соли равон ба ин ниҳия аз ҳисоби муҳоҷирон ҳудуди 315 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 123 миллион зиёдтар мебошад.
Мӯҳр
ОШНО
Як зани миёнсол, ки дар миёни тазоҳургарон буд, аз сахтии рӯзгораш шикоят намуда, аз ҷумла гуфта буд, "7 фарзанд дорам, ки якеаш маъюб аст. Аз се бонк ба маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор ҳастам, агар бовар накунед, инҷо бо худ ҳуҷҷатҳо дорам. 15 ҳазор доллар қарз гирифта, рӯзи худро мегузаронам. Ҳукумат парво надорад, чун шиками онҳо сер аст. Онҳо парвои камбағал надоранд. Худ қазоват кунед, ҳашт фарзандро нон додан осон аст?! Шиками раис бошад, сер аст, аммо мо обу барқ надорем. Худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, пайдо кунеду бихӯред, ин чи рӯзи сиёҳ аст, болои мо? Дар болои ин духтарам бо чаҳор фарзандаш дар хонаи ман зиндагӣ мекунад, ба куҷо арз кунам, ба куҷо шикоят барам, намедонам."
аз чехрааш маълум ки ачузаи маккор аст ин зан. О 15 хазор доллара чи корди аз бонк гирифта, духтарат барои чи бо шавхараш зиндаги намекунад? гуфта напурсидед? Вайсиддин ку барои оонхо бозори наву замонави сохта магозахоро ройгон пешниход карда истодааст, пас барои чи он бозор намегузаранд, зеро сохибони ин бозори кухна бе насиб мемонанд. Гап дар сари точирон не дар бозор дорон аст. Онхо бошанд хар ду тараф ба Э Рахмон хеч иртиботе надоранд, зеро хама мардуми бумии Вахдатанд. Хатто хешу табори Турачонзодахо. Озодагон озод бош!

Ноошно
Ошно! рута лахча накун дуруггу.

Ахмад
Вой бар шумо хамича хам турачона кати кардед да

муғриз - ? озодагон дар поёни макола лугат истифода баред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)