Сокини Ҳисор аз болои додситони ноҳия ба Салимзода шикоят бурд
Умедҷон Турсунов, сокини деҳаи Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, аз болои додситони ин ноҳия, Абдуқаҳор Шамсов ба Шерхон Сализода, додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Умедҷон Турсунов дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, додситони Ҳисор, Абдуқаҳҳор Шамсов аз болои падару бародараш туҳмат карда, бо иттиҳоми латту кӯби домод алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст: “Шамсов бародару падарамро туҳмат дорад, ки гуё онҳо шавҳари хоҳарамро латту куб кардаанд.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Турсунов, ин домодашон хоҳарчаашонро латту куб карда буд: “Мо дасти хоҳарчаамонро баста, ҳуҷҷати тиббӣ низ гирифтем ва назди Шамсов даромада, аҳволашро нишон дода будем. Аммо ӯ вақте моро дид, гуфт, аз болои шумо 3 рӯз пеш қудоятон ба мо муроҷиат карда буд. Ӯ ваъда дод, ки масъаларо дида мебарояд.”
Умедҷон мегӯяд, баъди ифтитоҳи парванда алайҳи бародараш Далерҷон Турсунов ва падараш Холмирзо Турсунов намояндагони додситонӣ онҳоро таҳқир кардаанд. Ба гуфтаи Умедҷон Турсунов айни ҳол парвандаи ҷиноятии бародару падараш ба суди ноҳияи Ҳисор фиристода шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад: “Қудоямон тариқи сохтакорӣ бо муфатишон додугирифт карда, ин парвандаи ҷиноятиро оғоз кардааст.”
Ин сокини ноҳияи Ҳисор аз додситони генералии Тоҷикистон талаб дорад, ки ҷилави худсариҳои додситони ноҳияашонро гирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |