Хадамоти назорати роҳ: IRS ба гапи мо гӯш намекунад
Муллошариф Одинаев, сардори Раёсати хадамоти назорати нақлиёт дар Суғд, мегӯяд, ширкати Иноватив Роуд Солшюнз (IRS) намегузорад, ки онҳо ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳи Душанбе-Чаноқро назорат кунанд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “дар вақти 25 дараҷа гарм будани ҳаво, аз соати 8-и субҳ то 20-и шом, мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард бояд ҳаракат накунанд.” Оқои Одинаев, ки дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, афзуд, “аксари мошинҳои гаронвазн дар рӯзҳои гармӣ тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракат мекунанд, аммо ширкати IRS Хадамоти назорати давлатии нақлиётро намегузорад, ки санҷиш гузаронад.”
Муллошариф Одинаев мегӯяд, онҳо чанд бор хостаанд, бо намояндагии ширкати IRS, ки дар Суғд фаъолият дорад, ҳамкорӣ кунанд. Вале то ҳол посухи мусбат нагирифтаанд.
Манбаъ илова кард, ҳоло барои иҷро намудани қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон алъон дар панҷ дидбонгоҳи наздисарҳадии вилояти Суғд истгоҳҳо барои нақлиёти боркашони гаронвазн ташкил карда шудааст. Аммо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ чунин мавзеъ сохта нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |