Марзбонони Қирғизистон дар куштори ҳамтоёни узбаки худ айбдор дониста шудаанд.
Ба иттилои торнамои “Рodrobno.uz”, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон эътироф кардааст, ки дар қатли марзбонони узбак аскарони қирғиз гунаҳгоранд.
Манбаъ мегӯяд, тафтишот муайян кардааст, ки марзро на аскарони узбак, балки марзбонони қирғиз убур карда, вориди қаламрави Узбакистон шудаанд. Инчунин бозрасии макони ҳодиса ҳокӣ аз он мебошад, ки аввал сарбозони қирғиз оташ кушодаанд.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 23-уми июл гуфта буд, тирпаронӣ миёни марзбонони ду кишвар дар ҳоле сурат гирифтааст, ки марзбонони қирғиз аз ҳамтоёни узбаки худ дархост намудаанд, то аз қаламрави Қирғизистон берун раванд. Вале онҳо муқовимат нишон дода, оташ кушодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 23-уми июл миёни марзбонони узбак ва қирғиз задухурди мусаллаҳона ба миён омада, дар натиҷа як сарбози узбак ҳалок як тани дигар захмӣ шуда буд. Баъдан расонаҳо аз он хабар доданд, ки сарбози маҷруҳи узбак низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр