АКСҲО: Дуои дастҷамъона ба ёди қурбониёни амалиёти Хоруғ
Субҳи имрӯз, 24-уми июл, дар шаҳри Хоруғ барои қурбониёни амалиёти низомии соли гузашта дуои дастаҷамъона карданд.
Ба ин маросим сокинони шаҳри Хоруғ аз соати 4-и субҳ гирдиҳам омада, нахустин дуои дастаҷамъонаи худро дар минтақаи УПД намудаанд. Баъд аз ин, бархе аз мардум пиёда ва бархе савора аз қабристонҳои Шоҳхоруғ ва Ниводак боздид карда, дар ҳаққи фавтидагон дуо хондаанд.
Аз амалиёти нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, як сол гузашт. Ин амалиёт субҳи 24-уми июли соли 2012, дар пайи қатли генерал Абдулло Назаров, раиси Идораи амнияти Бадахшон, сурат гирифт.
Дар ҷараёни ин амалиёт, ки бо вокуниши шадиди сокинони Хоруғ ва созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ рӯбарӯ омад, ба қавли мақомот аз ду тараф 41 тан ва ба қавли манобеи ғайрирасмӣ сад нафар кушта шуданд, ки қисмати аслияшон шаҳрвандони одӣ буданд.
Аз ҷумла, дар ҷараёни ин амалиёт Имумназар Имумназаров, ки яке аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон унвон мешуд, дар манзили зисташ ва баъд аз он ки халъи силоҳ шуду гуфт, барои ҳамкорӣ бо ҳукумат омодааст, кушта гардид. Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғ ҳам дар ҷараёни ин амалиёт нопадид ва баъдан ҷасадаш ёфт шуд.
Мақомот гуфтанд, ҳадаф аз амалиёти нерӯҳои низомӣ дар Хоруғ ҳамла ба сокинон набуд, балки мехостанд гуруҳи ҷиноиеро хунсо кунанд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, барои аз миён бурдани гуруҳи ҷиноӣ шарт набуд, садҳо сарбозу афсар вориди як шаҳри кӯчаки Тоҷикистон шуда, бидуни огоҳӣ сокинонро дар ҳолати ваҳму тарс нигоҳ дорад.
Бо гузашти як сол аз амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ касе аз мақомот ҳозир нашудааст, то асли ин қазияро шарҳ бидиҳад. Вале коршиносону таҳлилгарон ва арфоди шинохтаи саҳнаи сиёсӣ пешниҳод доранд, ки ин рӯз ба унвони “сешанбеи сиёҳ” ҳар сол ёдоварӣ шавад. Ахиран Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам эълон кард, ки президент ва ҳукумати кишвар бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |