Фидоии харсавор се низомии НАТО-ро кушт
Се хизматчии ҳарбии Неруҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар пайи ҳамлаи як фидоии маргталаб дар Афғонистон кушта шудаанд.
Бино ба иттилои расида, ин ҳодиса дар яке аз музофотҳои шарқии давлати исломӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Расонаҳо навиштаанд, фидоӣ савори хар буда, ҳангоми наздик шудан ба корвони мошинҳои ҳарбиён маводи мунфаҷираро ба кор андохтааст.
Ба ҷуз аз хизматчиёни ҳарбии НАТО як тарҷумони афғон низ дар пайи ин ҳодиса кушта шудааст.
Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки аз оғози соли равон то имрӯз дар қаламрави давлати исломӣ 104 низомии НАТО ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |