То имрӯз аз майдони 19 ҳазору 596 гектар замини кишти сабзавот 7687 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи як соли қабл 2317 га зиёдтар мебошад.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ нақшаи истеҳсоли сабзавот дар маҷмӯъ 499426 тонна буда, айни замон 141099 тоннаи он (баробар ба 28%)-ро ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосилнокии сабзавот аз ҳар гектар 184,0 сентнерро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 9 сентнер зиёд гардидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр