Ҷустуҷӯи ҷасади Комрон Душанберо беоб гузошт
Дар пайи ғарқшавии як ҷавони 18 сола имрӯз, 23-юми июл дар қисмати зиёди шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ гардидааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Шаҳидов Комрон Шамсиддинович, дар канали дереватсионии Варзоб, ки қисми зиёди Душанбе аз он об мехӯрад, рӯзи 21-уми июл, зимни оббозӣ ғарқ шудааст ва аз соати 05-00 то соати 17-00-и имрӯз таъминоти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ гардид.
Номбурда афзуд, ки ин канал дар қисмати шимолии шаҳр ҷойгир буда, аз нерӯгоҳи Варзоб убур мекунад ва аз рӯи қоида оббозӣ дар он мумкин нест. Бино ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба раисони шаҳр супориш додааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Убайдуллоев ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Душанберо вазифадор намудааст, ки то соати 12-у 20 дақиқаи рӯз корҳои ҷустуҷӯии ҷавони ғарқшударо ба анҷом расонанд.
Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, ки Комрон Шаҳидови 18-сола, сокини ноҳияи Варзоб буда, ҳануз ӯро дарёфт накардаанд. Бино ба иттилои манбаъ, айни ҳол дастаи зудамали наҷотдиҳӣ дар чустуҷӯи Комрон Шаҳидов мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |