Бозори “Фаровон” дар рӯ ба рӯи оташхезии нав

Бозори “Фаровон”, калонтарин бозори ҷануби Тоҷикистон, ки давоми як соли охир ду бор ба коми оташ рафтааст, ҳанӯз ҳам оташангез аст.
Назирмад Аюбов, сардори раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, мегӯяд, дар бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа”, ки дар ду соли ахир ду дафъа аланга гирифт, ҳоло ҳам хавфи сар задани сӯхтор боқист: “Бозор ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Бо раиси бозор дар тамос шудем. Бояд як манораи обтаъминкунӣ насб кунанд. Мо дар шаҳри Қӯрғонтеппа фақат 3 назоратчӣ дорем, ки онҳо на ба ҳама расидагӣ карда метавонанд. Дар тамоми давлатҳои муттарақӣ хадамоти оташнишонӣ намеравад ва гӯяд, ки қоидаҳои сӯхторро риоя кунед, балки онҳо худ ба сӯхторнишонҳо муроҷиат мекунанд. Дар мо ҳамаи ин корҳо ройгон аст, аммо бисёрашон намефаҳманд ва ба воситаи касе телефон мекунанд ва моро мегӯянд, ки ғам надиҳед. Мақсади мо аз хавфи сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амволи онҳо аст. Соҳибкорон инро бояд дуруст дарк кунанд ва дар ҷойҳое, ки мумкин нест, ноқили барқ накашанд. Сабаби ҳамаи сӯхорҳо аввал ҳамин аст...Ҳарчанд мушкил аст, аммо кӯшиш мекунем, ки дар оянда ба сӯхтани бозорҳо роҳ надиҳем.”
Аюбов афзуд, ки то ин муддат 196 корманди бозорҳо бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки “Фаровон” дар ду сӯхтори ахир садҳо ҳазор сомонӣ хисорот дидааст. Сӯхтори моҳи марти соли 2012, тибқи иттилои қаблии мақомот, дар масоҳати 1 ҳазору 150 метри мураббаъ 80 дӯконро ба коми оташ кашида, ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ хисорот ворид намуда буд. Оташгирии моҳи апрели соли 2013 бошад, дар масоҳати 4 ҳазору 430 метри мураббаъ мӯҷиби аз байн рафтани 47 дӯкон, 6 анбор, 4 ошхона ва 456 ҷойи нишасти тоҷирон гардида, ба маблағи 828 ҳазору 480 сомонӣ зарари молӣ боқӣ гузошта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |