Кӣ ба Эмомалӣ Раҳмон “бевафоӣ” мекунад?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Зиёдшавии мубоҳисаҳои сиёсӣ дар пешорӯи интихоботи президентӣ як падидаи маъмулист. Ҷонибҳо барои даст ёфтан ба манофеи сиёсии худ аз роҳу шеваҳои мухталифи рақобат кор мегиранд.
Одатан ҳукумат бояд корҳоеро рӯйи даст бигирад, ки он барои мардум мақбул ва ҳамзамон нуфузи сиёсии сарвари давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намояд. Мушохида мегардад, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҷониби ҳукумат барномаҳое роҳандозӣ мешаванд, ки бар зарари мардум аст. Қабл аз ҳама, он барномаҳое, ки нуфузи Эмомалӣ Раҳмонро дар минбарҳои байналмилалӣ коста кардааст, эътимоди мардумро низ аз байн бурдааст.
Дар робита баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, мушкилот дар ин авохир бо талоши махсуси гурӯҳи муайян дар ҳукумат ба вуҷуд омадааст. Ҳадаф аз ин монеагузориҳо барои наздикшавии раисҷумҳур ба мардумро, таҳлилгарон дар кӯшиши аз байн бурдани нуфузи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.
Аз маҳдудияти озодии виҷдон чӣ манфиат?
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд соли охир корҳое анҷом ёфтаанд, ки бештар ба “бевафо”-ии атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон монандӣ дорад. Барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомие роҳандозӣ шуданд, ки шубҳаҳоро барои пайдо шудани як гурӯҳи “бевафо” дар ҳукумат то андозае асоснок мекунад. Чун ин барномаҳо ба ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон чизе ба ҷуз аз нокомӣ наоварданд.
Шурӯъ мекунем аз маҳдудияти озодии виҷдон дар Тоҷикистон. Агар гӯем, ки дар ҳеч кишвари дунё ҳуқуқи мазҳабии як инсон ба монанди шаҳрванди Тоҷикистон поймол намегардад, иштибоҳ намекунем. Ин иқдоми гурӯҳи лоббистони ҳукумат, ки дар зудтарин фурсат амалӣ гардид, пурсишҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Нахуст, ин ки аз масҷид рафтан ва ё нарафтани як шаҳрванд, фарз кардем бону, ба ҳукумати кишвар чӣ кор аст? Ҳамингуна оё бо рӯсарӣ ҳозир шудани духтарон барои ҳукумат муҳимтар аз роҳандозии барномаҳои воқеан судманд аст? Чӣ хатар дорад, агар кӯдакон дар масоҷид ибодат бикунанду мардони хоҳишманд бо риш ба дарс, кор ва умуман ба зиндагии худ машғул шаванд? Магар ҳукумат кори муҳимтаре аз ин иқдоми “муваффақ” надошт?
Нақзи ҳуқуқи инсон ба ҳукумат чӣ медиҳад?
Ҳуқуқи инсон яке аз ҳассостарин мавзӯи ҷомеаи мост. Мантиқан ҳукумат ва лоббистони Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми нерӯи худро бар он равона кунанд, то ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвар риоя гардад. Чун ин як бурди ҳукумат, яъне - Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Аммо дар кишвари мо бардоште ба вуҷуд меояд, ки гӯиё ҳар як мақомоти Тоҷикистон бештар дар талоши маҳдуд ва поймол кардани ҳуқуқи инсон бошад, на барои ҳимояи он. Воқеаи тобистони соли сипаришудаи Хоруғ метавонад далели ин гуфтаҳо бошад. Оғози амалиёти низомиро дар як минтақаи кишвар бидуни огоҳии мардум магар метавон аз талоши ҳукумат барои таъмини амният унвон кард?
Боздошти мухолифин ва...
Шадидан саркӯб кардани интиқодгарони фаъолияти ҳукумати мавҷуда гӯиё, ки ҷузъе аз фарҳанги сиёсӣ бошад. Табиист, як ҳукумат ба мухолифони сиёсии худ бо ҳар роҳу васила фишор меорад. Аммо на ба он шакле, ки дар Тоҷикистон аст. Боздошти ғайриқонунии Зайд Саидов ду моҳе қабл дар фурудгоҳи Душанбе ва ин ҳам баъд аз тасмими таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”. Коршиносон мегӯянд, зиндонӣ кардани Зайд Саидов, бо ҳар баҳонае набошад, дар соли баргузории интихоботи президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон таъсири манфӣ расонд.
Албатта, феҳрасти мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон бо Зайд Саидов маҳдуд намешавад. Талоши зиндонӣ намудани Абдулмалик Абдуллоҷонов, Умаралӣ Қувватов барои монеагузорӣ дар тиҷорати “бузург” ва таъқибу фишор ба аҳзоби мухолифи кишвар аз ҷумлаи дигар заҳамоти лоббистони ҳукумат мебошад. Ҳамин фишорҳои шадид дар нисбати аҳзоб ва фаъолони сиёсӣ буд, ки дар ин охир дар ҷаласаи навбатии худ Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон интиқоди шадид кард.
Акнун саволҳое ба вуҷуд меояд, кӣ дар хидмати кӣ ҳаст? Бо ин қадар иштибоҳи ҳукумат магар мешавад гуфт, ки лоббистони Эмомалӣ Раҳмон бештар барои устувор кардани нуфузи раисҷумҳур фаъолият мекунанд? Ин ҳама нокомиҳо дар барномаҳои ҳукумативу давлатӣ оё маънои онро надорад, ки ахиран гурӯҳе наздик ба раисҷумҳур пайдо шудааст, то бештар ҳадафи кам кардани эътимоди мардумро ба Эмомалӣ Раҳмонро доранд?
PS: Мушкили дигаре, ки ин ҷо оварданӣ будем, ин Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ кардани ҳайати васеъи масъулини ҳукумат дар сафарҳои кориву расмист. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҳоло дар соири кишварҳои пасошӯравӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи раисиҷумҳуронест, ки дар мулоқоту конфронс ҳамеша ҳамсафарҳои зиёде бо худ мегирад. Баъзе аз таҳлилгарон бо ишора ва муқоиса ба аҳолии Тоҷикистону Русия мегӯянд, ҳайати сафарии Душанбе аз Маскав ба маротиб зиёд аст. Аҷиб ин аст, ки буҷаи давлатии кишвари мо аз буҷаи дилхоҳ кишварҳои узви ИДМ камтар аст. Аммо хоҳишмандони ҳамроҳӣ кардани Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳо баръакс, хеле зиёд. Ин ҳам метавонад як омили дигари кӯшиши поён бурдани нуфузи ҳукумат дар минбарҳои байналмиллалӣ бошад. Ин амали лоббистони раисҷумҳур гувоҳӣ аз он медиҳад, ки онҳо бештар дар пайи манфиатҳои шахсии худ ҳастанд, то манфиатҳои ҳукумату мардум.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |