24/07 -- Фоҷиаи фаромӯшшуда. Ё барои фоҷиаи Хоруғ кӣ ҷавоб мегӯяд?
Алӣ МАСТОВ, махсус барои “Озодагон”
24-уми июли соли 2012 боз як саҳифаи сиёҳро ба таърихи навини кишвари мо ворид кард. Субҳи барвақти тобистон, дар соати 4, дар моҳи мубораки Рамазон “амалиёти махсус”-и ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар ин «амалиёти махсус» ҷузъу томҳои Вазорати дифоъ, ВКД ва Кумитаи амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки теъдоди умумиашон 3 ҳазор сарбозу афсарро ташкил медод, иштирок карданд. 3 ҳазор, яъне наздики 10 %-и сокинони Хоруғ. Барои муқоиса, тахминан ин ҳамон миқдорест, агар ба шаҳри Душанбе 100 ҳазор нерӯи ҳарбиро ворид бикунӣ. Далели расмӣ барои ин амалиёт куштори генерал Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон гардид.
Дар рафти ин «амалиёти махсус», ки чанд рӯз давом кард, 24 сокини осоишта ва тақрибан даҳҳо низомиёни низомии ҳукуматӣ кушта шуд. Ба сокинони шаҳр, хусусан ба кӯдакон осеби ҷуброннопазири равонӣ расонда шуд, ба инфрасохтори ин шаҳри бе ин ҳам шаҳрвандонаш на он қадар доро зарбаи ҳангуфти моддӣ расонданд.
Соле аз ин ҳаводиси фоҷиавии Хоруғ – фоҷиаи мо, гузашт. Ба ҷуз ин ки баъзе ашхос барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд, дигар ҳеҷ иттилои марбут ба ин рӯзҳои фоҷиавӣ надорем.
Ба теъдоди бузурги кушташудагон нигоҳ накарда, на як кумиссюни ҳукуматӣ, на парлумонӣ ва ҳатто ҷамъиятӣ ташкил накарданд, ки то куҷо қонунӣ будани гузаронидани ин «амалиёти махсус»-ро, ки боиси ҷонбозии одамон шуд, таҳқиқ кунад. Тавре як диктотур гуфтааст – «марги як одам фоҷиа мебошад, аммо марги миллионҳо омор аст».
Шукри Худо, ки дар мо миллионҳо кушта нашуд, аммо ин набояд ба он маъно бошад, ки ҳаводиси Хоруғ фаромӯш гардад ва таҳқиқ нагарданд. Барои он ки қотеъона изҳор бинмоӣ, ки дар амалиёти махсуси соли гузашта чандин ҷиноятҳо содир карда шуд, шарт нест, ки ҳуқуқшинос бошӣ. Дар кишварҳои як каме ҷиддитар, ки камубеш эҳтиром ба қонун вуҷуд дорад, ҳамагуна гумонҳо дар ҳолати сар задании чунин ҷиноёт, агарчи аз ҷониби мансабдорони баландмақом ҳам содир шуда бошанд, бидуни тардид мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
Вазифаи калидии ҳамагуна таҳқиқот на танҳо мушаххас кардани сабабҳо ва гунаҳкорони фоҷиа мебошад, балки ин аст, ки бар асоси таҳқиқот барои худ муайян кунем, ки дар оянда аз чунин ҳаводис ҷилавгирӣ намоем. Вале вақти хеле тӯлонӣ гузашту мо чизеро набинем. Барои мардум то ҳол рӯшан нест, ки чӣ чиз боиси интиқоли ҳазорҳо нерӯ ба Хоруғи хурдакак гардид, ки аз қудрати он алайҳи мардуми осоиштаи дар ҳоли хоб истифода шуд? Чӣ чиз ҳукумати марказиро ба хашм оварда бошад, ки бар хилофи моддаҳои Қонуни асосӣ нерӯҳои Вазорати дифоъро алайҳи шаҳрвандони худ истифода бурд?
Ба ин ва дигар суолҳо, мутаассифона, то ҳол посухҳои худро нагирифтаем. Мушоҳида мешавад, ки ҳукумат бо такя ба он ки бо гузашти вақт ҳама чиз ҳаллу фасл ва фаромӯш мегардад, барои худ чандон лозим намешуморад, ба инҳо ҷавоб диҳад. Шояд онҳо (ҳукумат) бар ин бовар бошанд, ки то ба охир қодиранд пинҳон намоянд ва умедворанд, ки ҳеҷ касс ва ҳеҷ вақт сабабҳо ва ҷанбаҳои ҳақиқии ин фоҷиаро намефаҳманд? Агар чунин аст, онҳо бисёр иштибохи бузург мекунанд.
Аввалан, захмҳои Хоруғ то он андоза чуқур ҷой гирифтаанд, ки акси садои ин фоҷиа барои муддатҳои тӯлонӣ дар сарзамини мо вокуниш ба бор меоваранд. Дувум, дар ҷаҳони муосир, чаҳони технологӣ тақрибан пинҳон кардани чизе, хушбахтона, ғайриимкон мебошад. Сеюм, ҳама ё қариб ҳамагуна бераҳмӣ дар рӯи замин, ба монанди ваҳшонияти Чингизхону Темурланг ва ё нобудсозии қабилаҳои бумии Амрико (ҳиндусҳо) аз ҷониби истеъморгарони аврупоӣ (дар бораи Катин ва Серебренитсо ҳоҷати гап нест) дер ё зуд, сарфи назар аз ин ки чӣ гуна талош барои пинҳон кардани онҳо вуҷуд дошт, дастоварди ошкорбаёнӣ мегарданд. Ё шояд генеролитети мо бар асоси ин ин усул, ки «худиҳоро бизан, то бегонаҳо битарсанд» кор гирифта бошанд? Агар чунин аст, пас, онҳо ноҳаққанд, зеро бештар аз ду даҳсола аст, ки моро мезананд, аммо ҳеҷ нест, ки тарси хосе дар чашми «бегонаҳо»-ро ман мушоҳида кунам.
Мушоҳидаи ҳамаи он чи ки гузашт чунин тасаввуротро ба бор меоварад, ки шиори даврони шӯравӣ «мардум ва артиш - ягонаанд» сар то по тағйир ёфтааст.
Гузашта аз ҳама муҳташамияти давлат аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар, яъне молиётсупорандагон устувор нигоҳ дошта мешавад. Чаро бояд чизеро нигоҳубин кард, ки ҳарзамон метавонад муқобили ту истифода гардад? Чаро бояд теъдоди зиёди мансабдоронеро парвариш кард, ки посухгӯи ниёзҳои ту намебошанд?
Фикр мекунам, ман бо Ҳегел ба ин мазмун мувофиқам, ки гуфта буд – «таърихро барои он меомӯзанд, ки он ҳеҷ чизро намеомӯзад». Боз ҳам мисли солҳои 90-ум абзори асосӣ барои ҳалли мушкилот силоҳ аст. Боз ҳам мисли солҳои 90-ум ҳама аз рӯи усули - «ба дӯстон – ҳама чиз, ба душманон - қонун». Боз ҳам мисли солҳои 90-ум ҳамаи ин ба бохти мардуми одӣ мунҷар шуд, мардуми одие, ки тибқи Қонуни асосӣ бояд аз ҷониби ҳамон ҳукумат муҳофизат ва дифоъ карда шаванд, ва наздики як сол аст мунтазири ин посух мебошанд, ки барои чӣ ин қадар шадид ба мо ва кӯдакони мо бархӯрд кардед ва барои ин кӣ бояд ҷавоб гӯяд?
Изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ ба ҳамаи онҳое мекунам, ки дар ин фоҷиа шавҳар, бародар ва пайвандону наздикони худро аз даст доданд.
Биёед, дар ин Рамазони шарифу муқаддас якҷоя дуо кунем, ки равони кушташудагон шод бошанду бозмондагон саломат ва сулҳу оромӣ дар сарзамини мо поянда гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |