Ҳабси ҳавопаймои “Сомон-Эйр” барои ҳамсари президент Раҳмон?
Ҳавопаймои хатсайри Франкфурт-Душанбеи ширкати “Сомон-Эйр” бо таъхири беш аз 17 соат ба Тоҷикистон расидааст.
Тибқи иттилои торнамо ё сайти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишасти ҳавопаймои “Сомон-Эйр” дар пойтахти Тоҷикистон соати 03:05-и субҳи 21-уми июл дар нақша будааст. Аммо амалан ин ҳавопаймо дар Душанбе соати 20:30 дақиқа фуруд омадааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бархе корбарон аз таъхири парвози ҳавопаймои “Сомон-Эйр” хабар дода, навиштанд, ки гӯиё ин ҳавопаймо аз сӯи мақомоти фурудгоҳи Франкфурт ба ҳабс гирифта шудааст. Яке аз истифодабарандагони “Фейсбук” навишт, ҳамсараш низ мусофири ин ҳавопаймо будааст ва бе ягон ҷубронпулӣ соатҳои дароз мунтазир мондааст. Ӯ менависад, аз сабаби он, ки класси якуми тайёра махсус барои бонуи рақами яки Тоҷикистон, яъне ҳамсари президент таҷдид ва таҷҳизонида шуда будааст, мақомоти олмонӣ онро боздошт кардаанд.
Барои дақиқ кардани иттилоъ мо ба дафтари асосии ширкати “Сомон-Эйр” дар Душанбе муроҷиат кардем. Аз дафтар посух доданд, ки ин суҳбати телефонӣ нест. Дар бахши танзими парвозҳои ширкати “Сомон-Эйр” сабаби таъхири парвозро “сирф техникӣ” унвон намуданд. Дар мавриди овозаҳо оид ба ҳабси ҳавопаймо бахши танзими тайёраҳо маслиҳат дод, ки “хаттӣ муроҷиат кунед.”
“Сомон-Эйр” нахустин ширкати хусусии ҳавоии Тоҷикистон аст, ки тайёраҳои нави навъи “Боинг”-ро дар ихтиёр дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар сафарҳои хориҷияш аз тайёраҳои ин ширкат истифода мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |