Сайти Тӯраҷонзодаҳо: “Дар интихоби раҳбари худ масъул бошед”
Тӯраҷон нуқта орг, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон сабаби аслии хор будани мусулмонон, ба хусус тоҷиконро дуршавӣ аз Исломи ноб ва беэътиноӣ дар интихоби раҳбари кишвари худ хондааст.
Tорнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, “барои чӣ мусулмонон, ба вижа тоҷикон ин қадар саргардону беқадр шуда истодаанд, ки ҳатто дар мошинҳои мусофиркашӣ дар паҳлуи мо наменишинанд? Шояд дар ин мо сабаб бошем ë ин ки тақдирро тадбире ҳаст? Инро чӣ хел фаҳмем?” навиштааст: “Омили аслии ин гирифториҳои аксари мусалмонон, хусусан мардуми мусалмони кишвари мо дар ин аст, ки мо аз исломи ноби Муҳаммадӣ дур мондаем. Мо исломро танҳо дар якчанд фарзҳои шариат маҳсураш кардаем.”
Ин торнамо сабаби дигари беқадршавии мардуми тоҷикро дар надоштани як раҳбари шоиста дониста, аз корбаронаш даъват кардааст, то дар ин маврид бедор бошанд: “Ислом аз мо мехоҳад, ки бояд мо фаъол бошем. Бояд дар интихоби раҳбар ва валии аҳди худ дар идораи кишвар худро масъул донем. Бояд ҳар як мусулмон худро масъули он донад, ки чӣ касеро бояд дар сарпарастии худ ва бародарони худ лоиқ бинад. Инро бедории исломӣ мегуянд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |