Парвандаи бародаре, ки монеи таҳсили хоҳараш шудааст
Додситонии Қӯрғонтеппа алайҳи як сокини ин шаҳр, ки гӯиё монеи таҳсили хоҳари ноболиғаш шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Баҳриддин Бозоров, додситони шаҳр, бо тасдиқи хабар гуфт, “парвандаи ин мард аз 30-юми майи соли ҷорӣ тибқи моддаи 164, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
“Ҷамшед Абдуллоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Баҳор, хонаи 130-2, барои гирифтани таҳсилоти асосӣ (нӯҳсола)-и хоҳари ноболиғи худ Миҷгона Абдуллоева, соли таваллудаш 19 сентябри соли 1998, монеъ шуд. Дар натиҷа, Миҷгона аз гирифтани таҳсил дур монда, дар соли хониши 2012-2013, ки бояд ба синфи 8-ум мерафт, таҳсил накардааст”,-афзуд додситони шаҳри Қӯрғонтеппа.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |