Дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ду шаҳрванди ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз раёсати БДА-и ВЕД Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, шоми дирӯз дар ноҳияи Шуғнони сарнишини автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2106» Кабутаршо Султонкаримшоеви 20- сола аснои ҳаракат дар километри 620-уми деҳаи Тангӣ ду шаҳрванди хитойиро, ки яке 53 ва дигараш 30 -сол дошт зер мекунад. Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишотро милисаи ноҳиявӣ идома медиҳад.
Манбаъ афзуд, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин сониҳаҳои нақлиётӣ 3 нафар ҷони худро аз даст дода, як тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр