Бахшҳо

Галина Юнусова: "Моҳӣ аз сараш мепӯсад..."

Аз марги фоҷиабори муаллимаи хуҷандӣ Ҷаннат Усмонова, ки ба гирифтани пора гунаҳкор дониста шуда буд, се ҳафта ҳам нагузаштааст.

Зани бечора пас аз “гуфтугӯ” бо кормандони Оҷонсии зидди фасод, нангу ори иттиҳомро бардошта натавониста, худро ба дарёи Сир партофт. Чанд рӯз пештар дар матолиби расонаҳо хабаре пайдо шуд, ки дар ҷумҳурӣ (аз он ҷумла, ҷануби кишвар) ҷинояткории занон зиёд шудааст. Дақиқтараш, “тӯли шаш моҳи соли равон 8 зан аз шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ба қонуншиканӣ, асосан дуздӣ ва қаллобӣ, даст зада, барои чунин амалашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.”

Албатта, ҳеч кадоми онҳо худро ба об напартофтанд – шояд, нахостанд, шояд ҳам гурдаи чунин корро надоштанд. Худкушӣ, ба ҳар ҳол, иродаи қавӣ ва азхудгузаштагии зиёд мехоҳад. Шояд ҳам вақти кофӣ барои ин кор надоштанд – онҳо дастгир шуда, паси дарҳои баста мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд (тарзи пурсуҷӯи кормандони Оҷонсии мазкур ва дигар ниҳодҳои қудратии мо, ба хусус дар ҳошияи воқеъаҳои ахир, ба ҳамагон маълум аст).

Агар ҳолати рухдодаро бингарем, манзараест ҳузнангез. Ниҳодҳои ҳифзи тартибот мекӯшанд дар соли пешазинтихоботӣ кори худро бештару беҳтар вонамуд кунанд ва саъй доранд ҳама нақшаҳои дастгирии ҷинояткоронро бо барзиёдӣ иҷро намоянд ва ҳар каси зери дастафтодаро сахт қапида, шаҳрвандонро дар фазои тарсу ҳарос нигаҳ медоранд.

Монандии сахт ба Гестапо ё солҳои 37-уми асри гузашта дорад. Ваҳмангез нест? Ҳаст.
Сохтори ҳифзи ҳуқуқ... Ҳмм, то ҷое, чунин сухан афсонавӣ менамояд. Чун ҳоло на ҳифзи ҳуқуқ, на ҳатто қоидаю тартибот дида намешавад.

Шояд, дар кишваре, ки саропо ғарқи фасод аст, сохтори қудратӣ хостааст барои худ имтиёз кор кунад ва ба ҳамин хотир ба табақаи аз ҳама муҳофизатнашудаи аҳолӣ – занон рӯ овардаанд. Мавсими шикори мафияи занона кушода эълон шуд! Интизори воқеаҳои бузург бошед!

Мувофиқи маълумоти роҳбари шӯъбаи кор бо занони шаҳрдории Кӯлоб Саида Нурляминова, вақтҳои охир занони минтақаи Кӯлоб сари ҳар қадам ба корҳои нораво даст мезананд – қаллобӣ ва дуздӣ мекунанд ва ба ҳар роҳи дигар обрӯи кулли занони тоҷикро мерезонанд. Бинобар ин, шӯъбаи зикршуда бо мақсади пешгирӣ бо занони як маҳаллаи Кӯлобшаҳр мулоқот намуда, дар оянда нақша дорад ҷунин чорабиниҳоро бештар кунад.

“Ин ва дигар намунаҳои қонунвайронкунии модарон, ки ба ҳаёти кӯдакон таъсири ногувор мегузорад, аз нуқтаи назари қонун “Дар бораи масъулияти волидайн барои тарбияи фарзанд” баррасӣ мешавад”, - қайд кардааст Нурляминова. Ана гап сари чӣ! Ҷои дардмандро барои фишору “тарбия” ёфтаанд!

Касе намехоҳад бо роҳбарони мо мулоқоти хурде гузаронда, фаҳмонад, ки набудани барқ, газ, гармо ва об ба тақдири кӯдакон чӣ таъсире дорад? Асари манфии адами тибби хуб ва муҳимаш дастрасу арзон ё бепул ба ҳаёти кӯдакон чӣ гуна аст?

Дар хусуси адами маориф, чӣ мегӯед, ки вазорату ниҳодҳои он ҳамагӣ фаршпӯш шуда, бо таҷҳизоти охирин таъминанд? Ман ҳамчун як модар, ки ҷинояткор нест, барои фарзандонам дар Тоҷикистон ҷиҳати мусбат умуман намебинам…

Ҳавои тоза, меваҳо, куҳҳои осмонбӯс... Аммо бо чӣ зиндагӣ кунем? Чӣ гуна таҳсил намоем?

Ба онҳое, ки мегӯянд, “маъқул набошад – рав!”, ҷавоб медиҳам: ман кишвари худро дӯст медорам, ин Ватани ман аст ва бароям дардовар аст дидани он ки ин сарзамин сол аз сол ба куҷо меафтад! Ҳар ҷое по нагузорӣ, ҳатман ягон чизи “мусбат” барои кӯдакон ҳаст...

Ин занон чӣ кор карданд, ки намунае аз ҷинояткорон шуданд? Онҳо модар, ҳамсар, хоҳар, духтари ягон нафаранд. Имрӯз аксари мардони мо маҷбуранд пушти худро ба ивази он маблағи ночизе дар Русия хам кунанду ватани бегонаро обод созанд, зери пои бегонагонро рӯбанд, худашон нахӯранду напӯшанд то ба хонаводаи худ, ки дар Ватан мондааст, қути лоямуте ирсол намоянд.
Мардоне, ки на бо хоҳиши худ, тӯли моҳҳо ва ҳатто солҳо аз оилаи худ дуранд ва наметавонанд бубинанд, чи гуна фарзандонашон калон мешаванд, бовар дорам, омодаанд ҳама чизро диҳанд, то ҷое нарафта, дар Ватан, назди наздиконашон меҳнат кунанду онро обод намоянд.

Баъзеи онҳо вақте бармегарданд, дигар тавони кор надоранд. Гоҳо пули кофӣ кор кардаанд, то муддате дар Ватан бимонанд. Нафаре дар сарзамини бегона монда, оила барпо карда, бо ҳаёти пештараи худ, бо ватани худ, комилан қатъ мекунанд. Баъзе ҳам сафари охират мебанданд…

Занон бошанд, бо ҳама мушкилоту сахтиҳо, ташвишу ашкҳои худ танҳо мемонанд. Шояд, боз гӯед, ки ман танҳо чизи манфиро мебинам. Бубахшед, аммо вақте оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, чи ҷои эҳсосоти мусбат мемонад? Балки ба ҳаёти замони ҷанги бузурги ватанӣ мемонад, ки истилогарони фашист одамонро фавҷ-фавҷ барои ғуломӣ, кор ба Олмон, ирсол мекарданд.

Албатта, ҳоло зӯроварии ҷисмонӣ, силоҳу овчаркаи олмонӣ, вагонҳои гарм, хитобҳои «сурюк» ё «ахтунг» мушоҳида намешаванд. Аммо, бекорӣ ва ноилоҷӣ дар шароити имрӯза, фишори руҳӣ ба мардум нест? Чаро яке худро “нажоди олӣ” ҳисобида, дар мошинҳои қиматбаҳо сайругашт намуда, маблағи ҳангуфт барои қасру коттеҷҳо сарф мекунаду дигарон бояд дар нодорию бенавоӣ ҳаёти ҳақиронаю бемақсад ба сар баранд?

Гап дар сари истеъдоду имконот нест. Ҳама аз он бастагӣ дорад, ки бо кӣ хешию пайвандӣ доред. Бахти он яке баландӣ кардаву ба нухбагони қудрату ҳукумат наздик аст, дигаре маҷбур аст худ меҳнат кунаду тиккаи нонашро ёбад... Ва ин ҷо ҳар нафар барои худ метавонад интихоб кунад: бо аҳли оилааш дар азоби гуруснагӣ бимирад, ё дар ҳиҷрону ҷудоӣ бошад ҳам, ба навъе зинда бимонад.

Хуб, ба “ҷинояткорон” баргардем. Ман намегӯям онҳо аслан гунаҳкор нестанд. Агар гуноҳ карда бошанд, пас бояд мувофиқи қонун ва одилона ҷазо бинанд. Аммо сохторҳои қудратии кишвар кори дастгирии шаҳрвандони хилофкорро сахт ба роҳ мондаанд. Шубҳанок аст, ки аслан сокинони қатории кишвар мавриди дастгирию пурсуҷӯ қарор мегиранд. Аммо, чуноне маълум аст, “моҳӣ аз сараш мепӯсад”…

Қаллобӣ миёни занон зиёд шуда аст? Дар ҷои лозима намекобед, ҷанобон! Ҳамарӯза шумора ва миқёси қаллобӣ миёни дигарон бештар мешавад. Барои инро фаҳмидан, ба Кӯлоб рафтан шарт нест. Шӯъбаи кор бо занон метавонад садҳо ва ҳазорҳо мулоқот гузаронда, занонро ба риояи қонун ва фикри ояндаи кӯдакон даъват намояд, аммо миқдори қаллобиҳои бузург кам нахоҳад шуд.

Камтар аз сад сол пеш – дар солҳои 30-40 асри гузашта – занон барои хӯрди кӯдакон аз заминҳои колхоз чанд мушт ғалла медуздиданд. Агар ба даст меафтиданд, даҳсолаи ҷазоро аз рӯи моддаи 58-ум ҳазорҳо километр дур аз хона паси сар менамуданд. Кори оддию рӯзмарра... Аммо ҳаёт ҳамин аст.

Галина ЮНУСОВА,
Махсус барои “Озодагон”
Мӯҳр
Маьней мавзуатро нафахмидам

Галинаи азиз! Ман ба шумо пеш аз хама супосу ташаккур мекунам. Дар хакикат дили шерона доред ва бо ин маколаатон калби маро такон додед. Лекин ба хар хол хушер бошед. Он чизеро ки шумо мегуед калби ман ором мегирад, зеро холи мешавад. Дар ин замон на хар кас хакро гуфта метавонад. Худо шумо ва оилаатонро нигох дорад!

Ба акс нигох кунем, аз Галина дар Точикистон одами хушбахттар нест. Акси дигар надошт?

Ҷанубӣ
Бисёр хуб мебуд, агар инро бе маҳалгароӣ пешниҳод менамудед. Наход то ҳамин дараҷа палиду пасттинат бошед, ки ба маҳалгароӣ роҳ бидиҳед? Инро аз шумо умедвор набудам

Сайидо
Ин мавод дар худ унсурхои таблиги худкуширо дорад. Аккалан, хамин чохоша тахрир кадантон лозим.масалан "Албатта, ҳеч кадоми онҳо худро ба об напартофтанд – шояд, нахостанд, шояд ҳам гурдаи чунин корро надоштанд. Худкушӣ, ба ҳар ҳол, иродаи қавӣ ва азхудгузаштагии зиёд мехоҳад." Хохиш мекунам ин маводро тахрир карда аз нав гузоред.mehrob,
mehrob,

Сайоди Сайд
Сайидо,
бародар Сайидо дуруст мегуяд. Таблиги худкуши дар ин мавод дида мешавад.

нодир
Аз дуруштии руи номахрамат маълум аст, ки сарат ба пусидан наздик аст. Ё умуман сархои бо чунин хаёлу андеша пусида хисобила мешаванд. Махалгаро, игвоангез ва сафсатагу. Аз ин корда дар як хочагии дехкони говчуш шав бехтар.

"Чаро яке худро “нажоди олӣ” ҳисобида, дар мошинҳои қиматбаҳо сайругашт намуда, маблағи ҳангуфт барои қасру коттеҷҳо сарф мекунаду дигарон бояд дар нодорию бенавоӣ ҳаёти ҳақиронаю бемақсад ба сар баранд?"- Галина Чунки мо дар давраи капиталисти зиндаги мекунем на социалисти.!!!
"Албатта, ҳеч кадоми онҳо худро ба об напартофтанд – шояд, нахостанд, шояд ҳам гурдаи чунин корро надоштанд. Худкушӣ, ба ҳар ҳол, иродаи қавӣ ва азхудгузаштагии зиёд мехоҳад" Худкуши ирода намехохад...! Худкуши дар Ислом харом аст, маълум ки аз Ислом хам хабар надори:)
Ту аз даханат хар чи мебаромадаст, мегуфтаи:)) даханата ирода кун махалчи!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)