Истифода аз номи модари Додоҷони Атовулло дар Фейсбук
Як ҳафта инҷониб дар шабакаи Фейсбук нафаре бо номи модари Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, саҳифа боз карда, ба аксарият пешниҳоди дӯстӣ додааст. То кунун беш аз сад нафар ҳам ин дӯстиро пазируфтаанд, дар ҳоле ки гуфта мешавад ин саҳифаи дурӯғин асту бо модари Атовулло ҳеч рабте надорад.
Ин саҳифа рӯзи 18-уми июл бо номи Мутаяба Алиева боз шуда, дар он соли таваллуд ва акси ӯ гузошта шуда буд. Вале баъдан дар пайи танқидҳои корбарони Фейбсук акси модари Додоҷони Атовулло аз ин саҳифа ғайб зада, ба ҷояш акси худи раҳбари “Ватандор” ҷойгузин шуд.
Дар пости нахустини ин саҳифа ҳам гуфта мешавад, ки гӯиё модар аз ғами фарзандаш рӯ ба Интернет овардааст. Модари Додоҷони Атовулло 83 сол дошта, дар яке аз рустоҳои Панҷакент ба сар мебарад. Тайи ду моҳи охир мақомоти Панҷакент бо дастгоҳи наворбардорӣ ба назди ӯ рафта, хостаанд, то ӯ расман бигӯяд, ки мехоҳад фарзандаш ба Ватан бозгардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |