Бахшҳо

Нома: “Дигар коре намонда. Ҳамаи мо мерақсему мерақсем”

Хонандаи азиз, ҳоло номаи яке аз дӯстон Абураҳмон Раҳмоновро нашр мекунем, ки ба истиқлолияти Тоҷикистон ва даврони даргириҳои солҳои навадум рабт дорад. Агар Шумо ҳам гуфтание доред, лутфан, номаҳои худро ба имейли ozodagonweb@gmail.com бифристед.


“Аз оғози даргириҳои кишвар бештар аз бист сол гузашта. Аммо ҳамоно садои тир ва нолаи ҷонгудозе дар гӯшам садо медиҳад.

Ҷавони навхатеро дар пешонааш тир менадозанд. Магар дар рӯ ба рӯи марг хомӯш будан имкон дорад, вақте марг маҷбурист? Вақте қотилатро бо чашмонат мебинӣ. Билохира, ӯ ҳамсояат, хаммазҳабат ва ҳамиллатат аст. Ба Худо нолаи дард мекунӣ! Дод мезанӣ, ҳайҳот, садоят дар гулӯят кайҳо мурда. Ба мисли бародари тармаргат аз тири дайдуе...оқипадаре...

Қисмате аз мардуми диёри тозаистиқлоли тоҷикон хонабардӯш гашту дарёи Омуро убур кард хору зор. Дар зери тиру тӯпи ғайр. Даҳҳо нафар аз гулдуроси тӯп ва садои сахти ҷонхароши тири болои сар аз бими марг худро ба дарё партофт. Касе тавонист ҷон ба саломат бурд. Бахтбаргаштагон луқмаи моҳиён шуданд. Таззодро бинед, моҳиён акнун одам мехӯранд. Моҳиёни дарёи Вахш ва Омӯ. Боз нолаҳои талх. Боз тир ба ҷигари сӯхтаи модари тоҷик.

Ҷашни истиқлоият наздик мешавад. Кишвар омодагӣ дорад. Ҳофизу ҳофизаҳо суруд мехонанду раққосаҳо ва раққосон мерақсанд. Дуруст аст, ки сари зиндаро дар гӯр монда намешавад. Гумонам зиёд рақсанда шудем. Дигар моро коре намонда. Вақте шумораи муҳоҷиронамон аз ҳазорҳо гузашта миллионро пахш кардан дорад.

Боз даҳҳо мушкилоти дигар дар хонаву кӯчаву бозор моро гиребонгир аст. Ҳамоно рақс. Раққосон, ба хаёлам, на рӯи саҳна балки рӯи қабри шаҳидон ва дили дардманди МОДАРОН мерақсанд. Садои ҳофизон (ба Худо садои ҳамаи ҳофизон мисли ғук мерасанд бар гӯшам) фалакро мекафонад. Касе намешунавад оҳи шаҳидонро. Сарчашмаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аз 60 то 150 ҳазор шумораи шаҳидони даргириҳои кишварро рақам мезананд. Хисорот аз марзи миллонҳо гузашта. Ононе, ки дар сархати сангарҳо буданд, ҷони худу фарзандонашонро наҷот доданд. Имрӯз либоси бегуноҳӣ ба бар кардаву гунаҳкор дасти ҳамсояро ҳисоб мекунанд. Мақому кӯшкҳоро насиби худ ва фарзандон карда.

Ба марги бегуноҳии шаҳидон касеро кор нест. Виҷдони одамгарӣ пеши онон хоки роҳ гашта. Мард набояд нола кунад. Вале ман нола мекунам. Аз бевиҷдонии саркардагони ҷанги миллатам. Сахт ва дарднок!

Абдураҳмон Раҳмонов
Мӯҳр
шери нар
Рахмат ба падарат.

Лаби дарёи Ому катли ом аст,
Зи дуди охи точик руз шом аст.
Замоне гар зи дарё мохи бигрифт,
Бубин, акнун, ки мохиро ба ком аст
*******************************
Лаби дарёи Ому тифли навзод,
Ба сина тир хурда мезанад дод.
Ба чои шир аз пистони модар,
Хурад, эй худо, имдод, имдод!
*******************************
Лаби дарёи Ому марги точик,
Намеёбат кафан тармарги точик.
Дарахти вахдати у решакан шуд,
Хазон омад ба шоху барги точик...

Офарин, оқои Абдураҳмон. Мазмуни навистаатон тору пуди вуҷудамро фаро гирифт. Нахустин бор пас аз хондани мавод, ман чизе надорам илова бикунам ё шарҳе бидеҳам. Шумо ҳама чизро гуфтед. Бисёр олӣ. Дастатон дард накунад! Мо ҳам дард дорему ботинан нола мекунем.

Эхххххх акайе, заб чиза ба хотират оврди!!! Лекин дар як чиз хато кардии ака. Хофизони мо хук не ноласароеянд, ки то ба имруз мотами модарону хохарон ва онхоеро ки хуроки мохиён шуданд меноланд. Ба хамин хотир овози онхо монанди хук аст. Масалан касе то ба имруз аз "булбулони" боги санъати точик азбеномусии миллат дар солхои 1990 то ба 1997 ягон шеъре эчод крадааст ки он дар фуруш ва ё дастра бошад. Не, ин хофизони мо факат туйгарду туйсаро шудаанд, аксарияташ вокеан хам ахмак аст.
Точикистон вокеан хам як сахнаи туй шудааст. Мо бо дасти худамон баъзе нафаронро душмани миллату давлат мекунем. Вакте ки хамасола то ба 500-600 мурдаи точик аз русссия меояд, худуди 1-1,5 миллион точик дар мардикори бо сиёхи руз мебарад карор дорад, Точикистон парчами баланд дораду иктисоди кучаке, пас чи гуна Додочони Атоулло инхоро дида дамаша намегирад. Вай мачбур мешавад ки аз хамин истифода кунаду дубора касди халалдории амнияти давлату миллати точикон шавад.
Ва барои мо вокеан хам стадиони Фрунзе кам буд, ки бозх Наврузгохро барои раксхои байналмиллали кушодем. Чи даркор аст ин кадар раксу бози. Хонандаи мухтарам, як суол, кадом мохеро Шумо медонед, ки дар он мо раксхои дастави, омодагиххои моххо тул дошта, ширкати якчандхазор нафара, тасаввур кеунед, ин хушбахти аст?.
Барои чи дар вакти дарс бо сабаби маршутка наёфтан, хонанда ва ё мактаббача ба дарс омада наметавонад ва ё дертар мекунад дар охир хатман отработка месупорад? а барои моххову хафтахо дар стадионхо буданашон чуброн намешавад. ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭВОЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙЙ
ЙЙ ба холаму ба холашон. Наход ки бо дасти худамон мо худдамоннро бадбахт созему боз кадрхои ба талабот чавобгу интизор шавем. Дуруст ака Шумо гуфтед, ки мард бояд гиря накунад. И намекунад. Вале хубии занакхо дар он аст, ки онхо гиря мекунанду хеле ва хеле сабук мешаванд, барои хамин хам занон дили фарох доранд. аммо аз охи мардон фалакро дуди сиёх мепечад, месузад, вале чи кор кунад, ки оби дида надорад ва ё кам дорад. Ва ман хам намегирям, вале ончуноне нолаи даруни дорам, ки чигарамро таспи нолишам сухтааст. Вале милатам барои хазорон чигархои рехтаву сухта мераксаду меноладу мебозаду базмхои шабонарузи меорояд.
Худо бар он миллат сару коре надорад,
ки дехконаш тухми пуч кишт...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)