Миёни хамидаи футболи Тоҷикистон кай рост мешавад?
Бо суқути Шӯравӣ футболи Тоҷикистон ҳам суқут кард. Тими «Помир»-и замоне номӣ пароканда шуд, бозигарони беҳтарин аз Ватан рафтанд. Тими миллӣ ба ном мавҷуд буд. Дар 20 соли истиқлолият дастоварди назаррасе надошту надорад. Дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамеша ноком аст. Аз ин рӯ мавриди интиқоди шадиди мутахассисон ва мухлисон қарор мегирад.
Раҳбарияти тими миллӣ барои он танқид мешуд, ки барои рушди футбол натавониста коре анҷом бидиҳад.
Ахиран, собиқадорони футболи кишвар дар ҳоли баргаштан ҳастанд. Боз ҷузъе аз футболи Тоҷикистон мешаванд. Шояд акнун қомати хамгаштаи футбол ба оҳистагӣ баланд мешавад?
Зимнан, Фаридун Солиев, як корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди баргашти собиқадорони футболи кишвар ба Ватан навишта, суол кардааст, ки боз навбати кист? Ӯ аз Муҳсин Муҳамадиев, ки дар курсии сармураббии тими миллии Тоҷикистон нишаст, Олег Ширинбеков, ки сармураббии клуби «Истиқлол» таъин шуд, Асан Мустафаев, ки тренер оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби миллӣ гардид, Абдуғаффор Юлдошев, ки курсии сармураббии ССКА «Помир»-и Душанберо дар ихтиёраш гузоштанд ва Иштван Йожефович Секеч, ки тренер-мушовири ҳамин клуб шуд, мисол овардааст.
Мухлисони футбол ҳам бетараф намонда ва даҳҳо номи дигар, аз қабили Ҳаким Фузайлов, Рустам Забиров, Вазген Манасян, Рашид Раҳимовро навиштаанд. Воқеан, ин нафарон замоне футболи тоҷикро муаррифӣ мекарданд ва дубора омадани онҳо бешак дар рушди футбол кӯмак хоҳад кард.
Дар ҳоле, ки собиқадорони футбол ба Тоҷикистон бармегарданд, бозигарони ҷавон кишварро ба қасди ҳунарнамоӣ дар клубҳои хориҷӣ тарк мекунанд. Ҳамин ахиран, аз муваффақиятҳои Даврон Эргашев, бозигари клуби «Жетису»-и Қазоқистон ва Фарҳод Восиев, ки дар клуби «Газовик»-и Оренбург бозӣ мекунад, расонаҳо навиштанд. Бо эҳтимоли зиёд, Соҳиб Саванқулов ба ҳайати клуби «АЗАЛ»-и Озорбойҷон мепайвандад.
Даъвати футболбозони тоҷик ба хориҷа барои футболи тоҷик манфиат дорад. Ин бозигарон, ки шомили тими миллии кишваранд, таҷрибаҳои андухтаашон дар клубҳои берунаро ҳатман мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Дар рейтинги ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол ҳам ахиран тими миллии мо шаш зина пеш рафт. Ҳоло яккачини Тоҷикистон 314 имтиёз дорад ва мақоми 106-умро муаррифӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи пеш бо 312 имтиёз дар зинаи 112-ум менишаст.
Умед мебандем, дар наздиктарин фурсат тими миллии Тоҷикистон ба қавитарин мунтахаб дар Осиёи Миёна табдил мешавад. Шумо чӣ мегӯед?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |